Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол беш аз 15 000 нафарро афв хоҳанд кард


Ин маҳбусони зиндони Душанбе ҳама чашм ба роҳи қонуни афванд
Бар асоси тарҳи қонуни нави афв, беш аз 15 000 маҳбусу муттаҳам аз зиндонҳову боздоштгоҳҳои Тоҷикистон раҳо хоҳанд шуд. Ин тарҳи афв барои нахустин бор афви шуморе аз пайравони ҷунбишҳои тундрави мазҳабӣ ва дар пайи адои аз чор се ҳиссаи ҳукм афви ҷангиёни сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиевро низ пешбинӣ мекунад, вале ба истиснои онҳое, ки дар терроризм, ҷосусӣ ва куштор муҷрим шинохта шудаанд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки маҳбусони сиёсие, чун Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ё Ёқуб Салимов шомилиафви имсола хоҳанд шуд ё на. Тарҳи қонуни афв ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон рӯзи 27 июл аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ироа шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG