Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон коркарди маводи сӯхтро ба роҳ мемонад


Тоҷикистон тасмим дорад дар 2 соли оянда тавлиди маводи сӯхтро ба роҳ монда, ниёзмандиаш ба Русияро коҳиш диҳад.

Ин иқдоми давлати Тоҷикистон тавассути сохтмони корхонаҳои полоиши нафт дар ҷумҳурӣ сурат хоҳад гирифт.

ДАР ТАЛОШИ БУРУНРАФТ АЗ ВОБАСТАГИИ НАФТИ РУСИЯ

Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо ин иқдоми вазоратро яке аз роҳҳои бурунрафт аз ниёзмандӣ ба маводи сӯхти Русия хонд, ки дар ин авохир ба далели эъмоли боҷи давлати аз сӯи Русия қимати як тонна бензини воридотӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1070 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ва ба далели гаронии нархи маводи сӯхт дар ин авохир, қимати тамоми колоҳо дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон боло рафтааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдо дар бораи тавлиди маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз ҳисоби нафти воридшаванда афзуд:
«Ҳоло гуфтушунидҳо дар бораи воридоти нафт ба ҷумҳурӣ идома дорад. Ва бахши хусусӣ дар ин бора фаъол аст ва қарор аст соли оянда аз маблағҳои будҷа барои сохтмону васлу насби дастгоҳҳои полоиши нафт маблағ ихтисос дода шавад ва кор оғоз шавад.»

Ба гуфтаи мутахассисони ин вазорат, дар иҷрои ин барнома Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва дастгоҳҳо барои сохтмони корхонаи полоиши нафтро низ ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мекунад.

ҚАЗОҚҲО БА ТОҶИКОН ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

Ҳамкории Тоҷикистон Қазоқистон дар ин бахш бо ибтикори Қазоқистон сурат гирифта буд ва раиси фонди «Қазоқистону Тоҷикистон» дар авоили соли ҷорӣ гуфт буд, ки онҳо метавонанд ба Тоҷикистон нафт бидиҳанд ва дар сохтмони корхонаҳои полоиши нафт низ саҳм бигузоранд.

Ба гуфтаи коршиносон, агар ин барнома амалӣ шавад, Тоҷикистон метавонад ҳудуди 70 дарсади ниёзи маводи сӯхти худро таъмин кунад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
Линки мустақим


Ба қавли ҳамин коршиносон, Тоҷикистон солона ҳудуди 800 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид мекунад, ки тахминан 600 ҳазор тоннааш аз Русия аст ва танҳо боҷи давлатии он ҳудуди 145 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳамин коршиносон ба ин назаранд, ки бо ин миқдор пул метавон чанд корхонаи полоиши нафт эҳдос кард.

"МО АЗ ВОБАСТАГИИ РУСИЯ РАҲО МЕШАВЕМ"

Аз ин лиҳоз Барот Мақсудов, коршинос иқтисод, тавлиди маводи сӯхт аз нафти воридотиро барои Тоҷикистон муфид арзёбӣ кард: «Бартарии асосии ин кор ҳамин аст, ки мо аз вобастагии сахт ба Русия раҳо мешавем. Нафтро мегирему коркард мекунем, зеро нархи нафт дар бозори минтақа ва ҷаҳон якхел аст. Умуман ҳама маҳсулоте, ки коркарди он дар дохили ҷумҳурӣ имконпазир аст барои Тоҷикистон судманд аст ва ба пешрафти иқтисод кӯмак мекунад.»

ИДОМАИ ГУФТУГӮҲО БО РУСИЯ

Бо вуҷуди ин ҳама, вазири рушди иқтисод ва савдо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир гуфтугӯҳо бо Русия, Туркманистон ва Озарбойҷон дар бораи воридоти маводи сӯхт идома дорад ва Тоҷикистон тасмим дорад то даст ёфтан ба тавлиди маводи сӯхти худӣ, солона то 800 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид кунад.

Вай афзуд, ба илова гуфтугӯҳо бо Русия дар мавриди лағви боҷи давлатӣ низ идома дорад. Ба гуфтаи ҷаноби вазир, Русия дар муқобили лағви боҷи давлатӣ дар содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистон талабе пешниҳод накардааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдо умедворӣ кард, ки Тоҷикистон дар ду соли оянда соҳиби гази табии худ мешавад ва дар ин бора натиҷаи фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд гувоҳӣ медиҳад.
XS
SM
MD
LG