Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони сафорати Либия аз Британия ихроҷ мешаванд


Виллям Ҳейг
Виллям Ҳейг
Ҳукумати Британия ҳамаи кормандони боқимондаи сафорати Либия дар Лондонро аз кишвар ихроҷ мекунад. Вазорати корҳои хориҷаи Британия гуфт, қоиммақоми сафири Либия имрӯз ба вазорат эҳзор шудааст ва ба вай хабар додаанд, ки 8 корманди боқимондаи сафорат бояд Британияро тарк кунанд. Интизор меравад, ки дар поёни имрӯз Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия дар нишасти хабарие дар бораи ҷузъиёти ин тасмим тавзеҳот диҳад. Имрӯз Британия ба таври расмӣ шӯришиёни Либияро, ки барои сарнагунии режими Муаммар Қаззофӣ мубориза мекунанд, ба унвони ҳукумати расмӣ эътироф кард.
XS
SM
MD
LG