Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи марги нозири роҳ аз рӯи моддаи "куштор" баррасӣ мешавад


Фаттоҳ Саидов
Фаттоҳ Саидов
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки дар қазияи марбут ба куштори як корманди Бозрасони давлатии автомобилӣ ҳодисаҳои ришвахориву тақаллубкории кормандони додситонии ноҳияи Фирдавсӣ ошкор шудааст ва ин парванда ҳоло барои бознигарӣ ба додситонии кулл фиристода шуд. Дар як ҳодисаи моҳи апрел ду савори мошини тамғаи “Мерседес”, ки барои вайрон кардани қоидаи роҳ нигоҳ дошта шуданд, нозири роҳ Равшан Шарифовро шадидан лату кӯб карданд, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат расид. Дар изҳороти имрӯзаи Фаттоҳ Саидов таъкид шуд, ки парвандаи мазкур акнун на аз рӯи моддаи “куштор аз рӯи беэҳтиётӣ”, балки аз рӯи моддаи “куштор” баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG