Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев тахтро ба домодаш медиҳад?


Темур Қулибоев, домоди раиси ҷумҳури Қазоқистон
Темур Қулибоев, домоди раиси ҷумҳури Қазоқистон

Дар сурати пеш омадани ҳолатҳои изтирорӣ, масъулиятҳои Н.Назарбоевро метавонад домоди ӯ Темур Қулибоев ба дӯш бигирад.

Ин изҳороти мушовири сиёсии президенти Қазоқистон Ёрмуҳаммад Эртишбоев дар мусоҳиба бо нашрияи «Коммерсант»-и чопи Маскав шояд нахустин мавриди дар мазҳари омм ном бурдан аз исми вориси эҳтимолии Назарбоев аст.

Нурсултон Назарбоеви 71-сола аз соли 1989 ба ин сӯ, инак 22 сол боз бар Қазоқистон ҳукумат меронад ва дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар як интихоботи пеш аз мӯҳлат, вале бидуни ягон рақиби ҷиддӣ ва билқувва замони раёсати худро то 5 соли дигар тамдид кард. Вале барои табобат ва ба сурати мармуз ба Олмон рафтани Назарбоев дар ҳафтаи гузашта, ҳадсу гумонҳо дар бораи вазъи сиҳҳати ӯро, ки синнаш ҳам ба ҷое расидааст, хеле бештар кард ва ба оташи гуфтугӯҳо пиромуни вориси эҳтимолии ӯ ҳам равған рехт. Бахусус дар он доираҳои мухолифи низоми ҳоким, ки дар ғурбат ба сар мебаранд.

Аммо Ёрмуҳаммад Эртишбоев дар сӯҳбат бо «Коммерсант» гуфт, дар ҳолатҳои изтирорӣ ба ҷои Назарбоев на сарвазир Карим Масимов, ки мухолифин мепиндоранд, балкӣ маҳз домоди ӯ Темур Қулибоев хоҳад нишаст.

Қулибоев шавҳари Динора, духтари дуввуми Назарбоев буда, ибтидо зери сояи нуфуз ва қудратталабиҳои домоди аввали президент Роҳат Алиев қарор дошт ва ба истилоҳ «аз бинӣ боло гап намезад.»

Вале суқути ситораи сиёсии Алиев ва фирори ӯ аз Қазоқистон, роҳро барои Қулибоев ҳамвор кард. Ӯ баъди чанд соли раҳбарӣ ба ширкати нафти Қазоқистон ба раёсати "Самрук-Хазина» омад. Ин Сандуқи вижа, ки Назарбоев таъсис додааст, маблағи муодили беш аз нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Қазоқистонро дар ихтиёр дорад ва амалан таъмингари молии султаи хонаводаи Назарбоев аст.

Оё ҳадаф аз эълони исми Темур Қулибоев ба унвони вориси эҳтимолии Нурсултон Назарбоев имтиҳони назари ҷомиа буд ё чӣ?

Бо ин суол рафтем ба сӯҳбати Толганой Умбеталиева, таҳлилгари масоили сиёсии Қазоқистон ва мудири Сандуқи рушди демократия дар Осиёи Марказӣ:

Ҷавоб: Дар кишвари мо чунин иқдомот одатан ба хотири фаҳмидани назари мардум гирифта мешавад. Яъне шастро мепартоянд ва мебинанд, ки вокуниши моҳиён чигуна хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир дар бораи Қулибоев ба унвони вориси эҳтимолӣ зиёд сӯҳбат мешавад ва ин метавонад кори доираҳое ҳам бошад, ки мехоҳанд бо ин роҳ ӯро бизананад ва имкони расиданаш ба мақоми аввалро ночиз кунанд.

Суол: Яъне ин «муаррифӣ»-ҳо метавонад натиҷаи муборизаҳо дар дохили элитаи ҳоким бошад?

Ҷавоб: Бале ва фарзияи асосӣ низ метавонад ҳамин бошад. Барои мисол, чанде пеш вақте дар матбуот аз Қулибоев ба унвони вориси эҳтимолӣ ном бурданд, ин матолиб ба вокуниши шадид рӯбарӯ шуд ва аз расонаҳо тақозо карданд, ки дигар ин масъаларо доман назананд. Аммо вақте мушовири президент Эртишбоев дар ин бора сӯҳбат мекунад, ба назари ман, ин кори гурӯҳҳоест, ки дар асл тарафдори ба Қулибоев расидани тахти раёсат нестанд. Ва маъмулан вақте масъалаи ворисии ягон нафарро зиёд доман мезананд, шонси ӯ баръакс(тавре дар намунаи Роҳат Алиев дидем) ба хок яксон мешавад.

Суол: Аммо дар ҳоли ҳозир, шонси Қулибоев чӣ қадар аст?

Ҷавоб: Фикр мекунам, хеле баланд аст. Аввалан, ӯ аз байни нухбагони сиёсӣ яке аз онҳоест, ки аз эътимоди тамоми раисиҷумҳур бархӯрдоранд. Сониян, ӯ зомини субот ва амнияти хонаводаи Назарбоевҳост. Ва ин қонунҳои ахир, ки ба Назарбоев унвони «Доҳии миллат» дод ва ӯву пайвандонашро аз ҳар навъ таъқиб баъди аз мақоми рафтани ӯ маоф мекунад, низ бо назардошти чунин равиши таҳаввулот таҳия шудаанд, ки ҷойгузини Назарбоев, як узви дигари хонаводаи ӯ шавад. Албатта, ҳанӯз дар дохили элита афрод ва гурӯҳҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки метавонанд тавассути таъсиси ҷунбишҳо ё ҳаракатҳои дигар боз ҳам барои матраҳ кардани худ талош кунанд, вале баъид аст, ки ба натиҷае бирасанд. Феълан ягона номзади матраҳ бидуни шакк Қулибоев аст.

Суол: Масъалаи таҳвили қудрат ба як узви дигари хонаводаи ҳоким хоси танҳо Қазоқистон нест, балки дар кишварҳои дигари минтақа, назири Узбакистон ва Тоҷикистон, низ ба шаклҳое матраҳ ҳаст. Ва таҳвили қудрат аз Назарбоев ба домодаш дар Қазоқистон оё намунаи баде барои ин кишварҳо нахоҳад шуд?

Ҷавоб: Ин намуна, албатта, ҳамчун як роҳи ҳал дар назар гирифта хоҳад шуд. Вале шояд шевае, ки дар Узбакистон ё Тоҷикистон, кор хоҳанд бурд, нусхабардорие аз намунаи Қазоқистон нашавад, чунки вазъияти кишварҳо фарқ мекунад. Ва аммо агар Аврупо ва Ғарб дар ҳоли ҳозир умеде барои ба демократия расидани минтақаи мо, аз ҷумла Қазоқистон доранд, чунин шеваи аксримиёнагии таҳвили қудрат аз Назарбоев ба домоди ӯ, ин умедҳоро батамом барбод хоҳад дод ва Қазоқистонро аз масири демократия берун хоҳад андохт.
XS
SM
MD
LG