Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи додгоҳи Горан Ҳаҷич дар Гаага


Собиқ раҳбари сербҳои Хорватия Горан Ҳаҷич имрӯз дар баробари додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Югославияи собиқ дар Гаага ҳозир мешавад. Ӯ бояд барои ҷиноятҳои дар давоми ҷанги солҳои 1991-1995-и Хорватия содиркардааш посух диҳад. Ҳаҷич баъди боздошташ рӯзи чоршанбе, аз Сербия ба Ҳолланд рӯзи ҷумъаи гузашта интиқол ёфт. Вай бояд аз рӯи 14 иттиҳоме, ки нисбаташ карда шудааст, посух диҳад ва бигӯяд, ки худро дар ин ҷиноятҳо гунаҳгор меҳисобад ё на.
XS
SM
MD
LG