Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ду ҳамлаи террористӣ дар Норвегия, яке дар урдугоҳи ҷавонон ва дигарӣ дар маркази шаҳри Осло ба биноҳои ҳукуматиро маҳкум кард. Дар ин ҳамлаҳо 91 нафар кушта шуданд. Медведев дар номаи таслияти худ ба Ҷенс Столтенберг-нахуствазири Норвегия навиштааст: “Мо ин аъмоли ваҳшатборро,ки ҳеҷ узру далел надорад, қотеона маҳкум мекунем”. Дар тирандозии як марди мусаллаҳ дар урдугоҳи ҷавонон, ки дар ҷазираи Утоя ба Ҳизби ҳокими коргар тааллуқ дорад, 84 нафар кушта шудаанд. Ин тирандозӣ баъд аз он рух дод, ки дар маркази шаҳри Осло-пойтахти Норвегия инфиҷори бузурге 7 кушта ва харобиҳои зиёд бар ҷой гузошт.