Пайвандҳои дастрасӣ

“Зарафшон” - пешсафи давраи аввали сабқати Лигаи якум


Бозиҳои даври 16-уми сабқати Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - «Вахши зарнисор» (Вахш) - 3:2, “Рашт” (Рашт) - «Саройкамар» (Панҷ) (3:0 техникӣ), «Ҷавонон» (Турсунзода) - «Данғара» (Данғара) - 2:1, “Локомотив” (Душанбе) - «Румӣ» (Ҷалолиддини Румӣ) - 1:5.

Инчунин дастаи “Зарафшон”-и Панҷакент дар бозии мавқуфмонда дар майдони худ аз тими “Сабо”-и Шаҳринав бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.

Вале бо вуҷуди бохт дар ин бозӣ мавқеи футболбозони шаҳри Панҷакент дар ҷадвали мусобиқот тағйир наёфт. “Зарафшон” бо 27 имтиёз пешсафи давраи аввали сабқати Лигаи якум шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Зарафшон» (Панҷакент) 13 8 3 2 29-16 27
2. «Ҳосилот” (Фархор) 13 8 2 3 19-12 26
3. «Ҳулбук” (Восеъ) 13 7 5 1 34-11 26
4. «Сабо» (Шаҳринав) 11 7 2 2 28-15 23
5. «Пахтакор” (Қубодиён) 12 6 4 2 26-16 22
6. “Румӣ” (Румӣ) 12 6 1 5 28-20 19
7. «Вахши зарнисор» (Вахш) 13 5 4 4 28-23 19
8. «Саройкамар» (Панҷ) 13 5 4 4 20-18 19
9. «Ситора» (Рӯдакӣ) 12 4 4 4 13-10 16
10. «Данғара» (Данғара) 13 3 5 5 16-16 14
11. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 13 3 3 7 13-22 12
12. “Локомотив” (Душанбе) 13 2 2 9 9-35 8
13. “Ҷавонон” (Турсунзода) 11 2 1 8 9-31 7
14. Рашт” (Рашт) 12 1 0 11 4-31 3

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Сайидамир Мирзоев (“Ҳулбук”) бо 13 гол дар ҷойи аввал аст. Абдуҳалим Боронов (“Румӣ”) бо 11 гол дар ҷойи дуввум ва Холмурод Назаров (“Данғара”) бо 8 гол дар ҷойи севум мебошанд.

Бозиҳои мавқуфмонда

24-уми июл (якшанбе)
“Ҷавонон” - “Ситора”
“Румӣ” - “Пахтакор”

25-уми июл (душанбе)
“Сабо” - “Рашт”

29-уми июл (ҷумъа)
“Ҷавонон” - “Сабо”

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG