Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозот барои ташкили гирдиҳамоии бидуни иҷоза


Тазоҳуроти мардуми Бадахшон, моҳи июли соли 2008
Тазоҳуроти мардуми Бадахшон, моҳи июли соли 2008

Бархе аз ҳуқуқдонон иқдоми Маҷлиси Миллӣ дар заминаи тасдиқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро, ки барои созмондиҳандагон ва фаъолони намоишҳои эътирозии бидуни иҷоза аз 2 то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад, хоси ҷомеаи демократӣ намедонанд.

Рӯзи панҷшанбе, 21-уми июл, Маҷлиси Миллӣ -- палатаи болоии порлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро пазируфт, ки барои созмондиҳандагон ва фаъолони гирдиҳамоии бе иҷоза муҷозот пешбинӣ кардааст.

Бархе аз фаъолони сиёсӣ эҷоди маҳдудият дар ташкили гирдиҳамоиҳо ва намоишҳои эътирозиро маҳдудияти ҳуқуқи шаҳрвандон медонанд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи Ашӯрбой Имомов, собиқ раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқи сокинон барои ташкили намоишҳои эътирозӣ мувофиқ ба меъёрҳои демократӣ нест.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
Линки мустақим


Абдуқаюм Юсуфӣ, ҳуқуқдон ва вакили мудофеъ низ мегӯяд, қабули чунин қонунҳо, ки озодии инсонро барои баёни эътироз ва мухолифаташ маҳкум мекунад, ба обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ латма хоҳад зад.

"Агар мо ба Эъломияи ҳуқуқи башар нигоҳ кунем, дар он ҷо ҳуқуқ ба гирдиҳамоӣ ва ҳуқуқ ба озодии баён пешбинӣ шудааст ва Тоҷикистон ин эъломияро пазируфтааст. Гузашта аз ин, мебинем, ки мақомот санадҳои байналхалқиро оид ба ҳуқуқи инсон имзо мекунанд, вале қабули ин қонун бар хилофи он иқдомҳост",-афзуд ӯ.

Дар зимн, аввалин гирдиҳамоиҳо дар Тоҷикистон дар авохири солҳои 80 барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ сурат гирифта буд. Сипас дар ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 ва баъдан дар баҳору тирамоҳи соли 1991, гирдиҳамоиҳои васеъ пойтахти Тоҷикистон ва бақияи манотиқи кишварро фаро гирифт.

Аммо дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон барои баргузории гирдиҳамоӣ ва намоишҳои эътирозӣ дар кишвар посухи рад додаанд.

Ҳамчунин, бар пояи тағйиру иловаҳои ворида ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои таъсиси мактабҳои динии ғайриқонунӣ дар кишвар аз 5 то 12 сол муҷозот пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG