Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Данғара чӣ амалиёте ҷараён дорад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ниҳодҳои интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб аз баргузории як амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Данғара хабар додаанд.

Масъулони бархе аз шӯъбаҳои умури дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфтаанд, ки кормандони онҳо ба манзури ширкат дар як амалиёти вижа ба ноҳияи Данғара сафарбар шудаанд.

Юсуф Алиев, муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминобод дар сӯҳбат ба хабарнигори “Озодӣ” гуфт, ки сардори шӯъба ҳамроҳи теъдоде аз кормандонаш барои иштирок дар ин амалиёт ба ноҳияи Данғара рафтаанд.

Шариф Наимов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод низ гуфтааст, ки ҳоло онҳо барои сафар ба ноҳияи Данғара омодагӣ мегиранд.

Аммо ин масъулон дар робита ба ҷузъиёти баргузории ин амалиёт изҳори назаре накарданд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:09 0:00
Линки мустақим


Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони мавзеи Гули Зиндони ноҳияи Данғара вуҷуди афроди мусаллаҳ дар ин минтақаро мушоҳида карда ва ба гуфтаи онҳо дар ин бора ба мақомот хабар додаанд. Ин сокинон ҳадс задаанд, эҳтимол дорад ин афрод бақияи маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе бошанд.

Вале масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар ноҳияи Данғараро рад карда ва гуфтанд, ки дар он ҷо машқҳои муштараки кормандони пулиси вилояти Хатлон ҷараён дорад.

Тоҳир Норматов, сардори ситоди Вазорати умури дохилӣ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт: "Дар он ҷо ягон гап нест. Фақат ин ки кормадони пулис ҳамроҳи кормандони комиссариатҳо тамрин мекунанд."

Тафсилоти бештар дар ҳоли дастрас шуданаш дар ҳамин ҷо мунташир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG