"Барои танзими нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон бо тамоми раисони бозорҳои пойтахт гуфтушунид кардем. Нархҳо барои шаҳрвандон дар ин моҳи муборак то 10 дарсад арзон хоҳанд шуд",-гуфтааст дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе, Сироҷиддин Валиев, раҳбари “Тоҷикматлубот”.
Ба қавли ӯ, барои танзими нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо беш аз ҳазор сар чорво харида шуда ва маҳсулоти гӯштӣ ба сокинони пойтахт ба нархи арзонтар пешниҳод мешавад.
Вай афзудааст, "Тоҷикматлубот" барои танзими нархи гӯшт ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои пойтахт аз аввали соли ҷорӣ дар назди бозорҳои "Шоҳмансур" ва "Қарияи боло"-и Душанбе ярмаркаи доимии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил кард, ки дар он то кунун ҳудуди 3 ҳазор тонна маҳсулот ба фурӯш бароварда шудааст.
Ҳамасола дар остонаи моҳи шарифи Рамазон нархҳо дар бозорҳои кишвар ба маротиб афзуда, мояи нигаронии сокинон мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи масъулони Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон қарор аст ё 31-уми июл ва ё якуми август фаро бирасад.