Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик, блогнависӣ ва Фейсбуку Твиттер


Нигоҳе ба фаъолияти блогнависони тоҷик ва ҳузури ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбуку Твиттер ва Мой Мир.

Дар чанд соли ахир ҳузури ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогҳо афзуда ва онҳо аз як шабакаву торнамо ба дигаре мегузаранду дидаву шунидаи худро бо якдигар дар миён мегузоранд ва бар сари мавзӯъҳои мубрами рӯз баҳс мекунанд.
Блогҳое, ки ба хабарнигорони тоҷик марбут аст ва аз Тоҷикистон идора мешавад, таҳти сензура қарор дорад...


Агар солҳои пеш ҳадафи ҷавонон аз сайр дар торнамоҳо танҳо тафреҳу ошноӣ бо якдигар буд, акнун онҳо бештар дармавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳам сӯҳбат мекунанд.

Озодии баён ба блогнависҳо имкон додааст, ки дар саҳифаҳои худ мавзӯъҳои табушуда дар матбуоти кишварро баррасӣ кунанд ва дар ин гуна мавзӯъҳо назар бидиҳанд ва ҳам вокуниши дигаронро бигиранд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:19 0:00
Линки мустақим



Аммо бояд зикр кард, ки шӯҳрати таъсири блог ва блогнависон дар Тоҷикистон ба андозае нест, ки дар Русия ва давлатҳои дигари собиқ Шӯравӣ ҷой дорад. Бо вуҷуди таъсиси нахустин блогҳо дар соли 2008, блогнависони тоҷик ҳанӯз аз торномаҳои худ ба саҳифаҳои матбуот ва радиову телевизион накӯчидаанд ва ҷамъияти на чандон бузургро ташкил медиҳанд.

Фирдавси Аъзам, блогнависи тоҷик
Бо ин ҳол, хонандагон исми блогнависҳои шинохтаро медонанд ва навиштаҳои онҳоро пайгирӣ мекунанд. Торнамои "Ахтари зулматсӯз" ба блогнависи ҷавон Фирдавси Аъзам марбут аст, ки дар Аврупо таҳсил кардааст ва бо илҳом аз дӯстони аврупоии худ ба блогнависӣ шурӯъ кардааст.

"Дидам, ки дар Тоҷикистон фазои блогнависӣ хеле маҳдуд аст ва шурӯъ кардам ба блогнависӣ. Ҳамчунин ба баъзе аз хабарнигорон кӯмак кардам, ки онҳо бояд хеле барвақт соҳиби блог мешуданд. Бубинед, дар Авпупо ва Амрико аз омӯзгор то табибу фермер соҳиби блоги шахсии худ ҳастанд. Дар Тоҷикистон бошад, ҳатто баъзе аз расонаҳо соҳиби блог нетанд",-афзуд ӯ.

Эраҷи Амон, яке дигар аз блогнависони ҷавон, дар блоги худ асосан маводеро нашр мекунад, ки дар матбуоти маҳаллӣ пахш шудаанд. Ӯ мегӯяд, барои таҳияи хабару мақолаҳо вақти зиёд надорад, вале бознашри матолиби матбуотро низ муҳим мешуморад.

Аммо мутахассисон мегӯянд, сабаби ба суръат рушд накардани блогнависӣ дар миёни ҷавонони тоҷик ин аст, ки онҳо саҳифаи худро ҳамарӯза таҷдид намекунанд. Ба қавли онҳо, бо вуҷуди маъруфият бархе аз блогнависон моҳе як ё ду бор матлаб менависандe тамом.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори шинохтаи тоҷик
Раҷаби Мирзо, блоги шахсии худро дорад ва яке аз хонандагони аслии блогҳо низ ҳаст. Ӯ мегӯяд, ки дар айни ҳол дар Тоҷикистон блогҳо ба минбари фазосозӣ табдил нашуданд.

Вай афзуд, блогнависоне, ки собиқа доранд, онҳо бештар сайри таърихӣ ва фарҳангӣ мекунанд, блонависони ҷавон ба истилоҳ дарди дили худ ва гуфторҳои худро менависанд ва ҳатто баъзе блогҳое аст, ки бо гузашти солҳо маводи наве намегузоранд.

"Бояд ҳар як блогнавис ё нависандаи паём дарк кунад, ки паёми аслии навиштаи ӯ чӣ аст ва барои кӣ муҳим аст. Моҳияти иҷтимоии хабар ба мардум чӣ медиҳад",-мегӯяд ӯ.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, блогҳое, ки ба хабарнигорони тоҷик марбут аст ва аз Тоҷикистон идора мешавад, таҳти сензура қарор дорад ва блогнависон аз навиштани ҳар гуна хабару матолиби таҳлилӣ, ки ба дарди ҷомеа мехӯрад, то ҳадде ҳарос доранд.
XS
SM
MD
LG