Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як баҳмут дар ивази ду уқобу ду каргас


Ин шери зоопарки Душанбе акнун дӯсти баҳмут пайдо кард
Ин шери зоопарки Душанбе акнун дӯсти баҳмут пайдо кард
Боғи ҳайвоноти Душанбе барои бори нахуст дар 20 соли истиқлоли Тоҷикистон соҳиби баҳмут шуд. Орзуи Саидҷалол, муовини раиси Боғи вуҳуши Душанбе гуфтааст, ин баҳмути ҳафтсоларо, ки Турсунбой лақаб дорад, онҳо дар ивази ду каргас ва ду уқоб аз боғи ҳайвоноти Бишкек дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, Турсунбой хеле ба сахтӣ ба муҳити нав хӯ мегирад ва ҳанӯз дар хумори макони собиқи зиндагиаш мебошад.
Зоопарки Душанбе соли 1961 таъсис ёфта, имсол 50-сола шуд.
XS
SM
MD
LG