Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонони амрикоӣ


Як ҷавони амрикоӣ бо як сокини кӯҳансоли ноҳияи Ҳисор сӯҳбат мекунад
Як ҷавони амрикоӣ бо як сокини кӯҳансоли ноҳияи Ҳисор сӯҳбат мекунад

Кара, ҷавондухтари амрикоист, ки беш аз як моҳ боз ба Тоҷикистон омада ва забони тоҷикӣ меомӯзад.

Ӯ, ки ҳоло ба худ номи тоҷикии "Карима"-ро гузоштааст, мегӯяд, қаблан ба омӯзиши забони форсӣ машғул буда, аз таъриху фарҳанги тоҷикон огоҳӣ дорад, вале мехоҳад забони тоҷикиро ҳам аз худ
Мо эҳсос намекунем, ки онҳо аз кишвари дигаранд.
Ба оила омада худро
чун як узви оила мешуморанд.
Дасташон расид ба ман кӯмак мекунанд...

бикунад.

Забони тоҷикӣ ба Карима ё Кара дар шӯрои Амрико оид ба маорифи байналмилалӣ таълим дода мешавад. Бар асоси ин барнома, Кара ва дигар донишҷӯёни хориҷӣ ба навоҳии мухталиф сафар ва дар оилаи тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Кара мегӯяд, оилаи ӯ дар Амрико хеле кӯчак буд, аммо дар Тоҷикистон оилаи онҳо бузург аст ва ӯ инҷо бо падару модар, хоҳару бародар ва набераҳои зиёди ин оила якҷоя ба сар мебарад.

Кара: "Зиндагӣ дар оилаи тоҷикӣ ба ман писанд аст, лекин аз шакли оилаи амрикоӣ фарқ мекунад. Барои мисол дар инҷо ҳам занҳо ва ҳам мардҳо корҳои худро доранд, вале корҳои онҳо дақиқ тақсим шуда ва мард кори зан ва зан кори мардро кӯшиш мекунад, ки анҷом надиҳад. Дар Амрико бошад кор ба мардона ва занона тақсим намешавад."

Фирӯз: Зиндагӣ дар оилаи калон чӣ хел аст барои Шумо?

Кара: "Ба ман хеле писанд аст, зеро дар Амрико ман хоҳару бародар доштан мехостам, аммо инҷо ман ҳам бародар ва якчанд хоҳар дорам."
Кара, ҷавондухтари амрикоӣ дар иҳотаи хонаводаи тоҷикаш

Фирӯз: Назари Шумо дар хусуси тарбияи фарзанд дар хнводаҳои тоҷик чӣ гуна аст?

Кара: "Дар Амрико вақте ки фарзанд 17-сола шуд, вай одатан мустақил мешавад. Онҳо дар ин синну сол бо волидайни худ зиндагӣ намекунанд. Онҳо дар як сол шояд як ё ду-се бор ҳамдигарро бубинанд. Аммо дар ин ҷо фарзандон бо волидайни худ қариб ки якҷоя зиндагӣ мекунанд. Ба назарам ин хуб аст, ки дар Тоҷикистон хонавода хеле наздик аст, аммо бад аст, ки ба ҷавонон дар инҷо имкони мустақил зиндагӣ карданро намедиҳанд."

Нақши хонаводаҳое, ки мизбони ин донишҷӯёни амрикоиянд, дар муаррифии фарҳангу тамадуни тоҷик хеле муҳим ва муассир арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ масъулини барномаи табодули донишҷӯёни Шӯрои Амрико оид ба маорифи байналмилалӣ, кӯшиш мекунанд, ки барои донишҷӯён, оилаҳои бомаърифатро интихоб кунанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:48 0:00
Линки мустақим



Саодат Сафоева, яке аз соҳибхоназанҳоест, ки тайи як сол мешавад дар хонааш донишҷӯёни хориҷиро меҳмондорӣ мекунад. Хонум Саодат мегӯяд, онҳо талош мекунанд, ки ҷавонони амрикоӣ аз ин кишвар бо хотираҳои нек баргарданд. Ӯ мегӯяд, барояшон ғизои миллӣ омода мекунад, дар бораи Тоҷикистон ва расму оинҳои мардумӣ қисса мекунад ва якҷоя ба тӯю маъракаҳо мераванд.

"Дар хона ба мисли фарзанди худам онҳоро қабул мекунам. Ба ман писанд аст, ки ин бачаҳо ҳамеша хандонанд. Мо эҳсос намекунем, ки онҳо аз кишвари дигаранд. Ба оила омада худро чун як узви оила мешуморанд. Дасташон расид ба ман кӯмак мекунанд. Се донишҷӯ дар хонаи мо ҷамъ шуданд ва барои се оила питса пӯхтанд. Вақте барномаашон ба анҷом мерасад ва аз оилаҳои мо мераванд, мо андӯҳгин мешавем, зеро аллакай дар якчанд рӯз ба онҳо одат мекунем. Ҳатто гиряи одам меояд. Онҳо низ дар вақти рафтанашон ба нишони сипос гул меоранд ва ташаккур мегӯянд, ки барои мо мисли модар будед. Онҳо ба ман модар гуфта муроҷиат мекунанд",-афзуд ӯ.

Хонум Саодат мегӯяд, дар баробари муаррифии фарҳанги тоҷикӣ ба амрикоиҳо, онҳо низ аз меҳмонони худ чизҳои зиёдро меомӯзанд. Дар сӯҳбатҳои оилавӣ донишҷӯён низ ба аъзои оилаи тоҷикӣ хеш дар бораи зиндагии мардуми Амрико қиссаҳои зиёд мекунанд.

Хуршед Шералиев, корманди шӯрои Амрико оид ба маорифи байналмилалӣ мегӯяд: "Аз оила хеле чизҳо вобаста аст, оила симои мо барои ин донишҷӯён аст. Аммо, мутаассифона, як камбуди хеле ҷиддии мо дар он аст, ки баъзе оилаҳо баъзе вақтҳо калимаҳои русиро зиёд истифода мебаранд. Аз ин ҷиҳат донишҷӯён шикоятҳои зиёд доранд. Ҳамчунин шева ва забони кӯчаро зиёд истифода мебаранд. Аз ин рӯ бачаҳо дар дарс каме ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд, зеро дар синф дигар забон ва дар хонаву кӯча забони дигарро мешунаванд. Барои мисол, мо бачаҳоро ба водиҳо бурдем, онҳо дар онҷо бо занҳои куҳистон сӯҳбат карданд, хеле хушашон омад, ки чаро онҳо забони русиро истифода намебаранд. Ман гуфтам, ки онҳо забони русиро намедонанд, донишҷӯён гуфтанд, ки пас синфхонаҳо бояд инҷо бошанд."

Бо ин вуҷуд, чанд моҳи зиндагии якҷояи ҷавонони амрикоӣ бо хонаводаҳои тоҷик онҳоро бо ҳам қарин мекунад. Муҳаббат ба забони тоҷикӣ ва ин сарзамин боис ба он мегардад, ки бисёре аз ин донишҷӯён дубора барои таҳсил ба Тоҷикистон бозгарданд.
XS
SM
MD
LG