Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари куммиссиюни интихоботи Миср таъйин шуд


Ҳокимони низомии Миср аз як қозии аршад хостаанд, ки куммисиюни интихоботро ташкил кунад. Низомиёнба ин манзур Саид Умар, раҳбари додгоҳи таҷдиди назари Қоҳираро интихоб карданд. Тибқи қонун, раёсати ин куммиссиюн бар ӯҳдаи раҳбари ҳамин додгоҳ аст. Куммисиюни интихобот рӯзи 18 сентябр ба кор оғоз мекунад ва интихобот ғолибан 2 моҳ баъди он доир хоҳад шуд. Шӯрои низомие, ки баъди истеъфои Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал умури Мисрро ба даст гирифт, ваъда карда буд, ки то 6 моҳи дигар раёсати кишварро ба ҳукумати мунтахаби мулкӣ хоҳад супурд. Аммо онҳо то ҳол қонуни интихоботро тасвиб накардаанд, ки роҳи корзор боз шавад.
XS
SM
MD
LG