Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо ширкатдорони беназмиҳои футбол чӣ хоҳанд кард?


Маъмурияти Донишгоҳи Кӯлоб онҳоеро, ки дар беназмиҳои футбол даст доранд, аз донишгоҳ ихроҷ нахоҳад кард.

Ҳарчанд дар як ҷаласаи вижа дар Кӯлоб Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар аз устодони макотиби оливу миёна хоҳиш кардааст, ки хонандагони мактаб ва донишҷӯёни дар бетартибиҳо футбол ширкат доштаро аз мактабу Донишгоҳ ихроҷ намоянд.

ДАР ИНТИЗОРИ ҲУКМИ ДОДГОҲ

Ин дар ҳолест, ки феълан панҷ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамчун иштирокчии беназмиҳои рӯзи 14-уми июн, ки пас аз анҷоми бозии футболи миёни дастаи «Истиқлол» ва «Равшан» сар зада буд, гумонбар дониста мешаванд.

Аммо Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, онҳо ҳар амру супориши Вазорати маорифро иҷро

мекунанд, аммо дар мавриди хориҷ кардани панҷ донишҷӯ, ҳукми додгоҳро интизоранд. Ба гуфтаи Солеҳов, то собит шудани гуноҳи ин донишҷӯён аз ҷониби додгоҳ, онҳо донишҷӯ боқӣ хоҳанд монд.

Ҷаноби Солеҳов афзуд: «Инҳо се нафарашон донишҷӯёни шӯъбаи ғоибона будаанд ва берун аз дарс, агар гуноҳе содир карда бошанд, кардаанд. Мо ҳам ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки донишҷӯи мо гуноҳ кунад. Ҳоло мо фақат бояд интизор шавем, ки суд чӣ қарору ҳукме мебарорад. Агар ҳоло мо онҳоро хориҷ кунем, шояд суд бегуноҳашон барорад. Барои ҳамин мо танҳо интизори мактуби суд ҳастем.»

НОРӮШАНИИ БЕНАЗМИҲОИ МУХЛИСОНИ ФУТБОЛ ДАР КӮЛОБ

Бо гузашти як моҳ аз беназмиҳои Кӯлоб, ҳанӯз ҳам дар мавриди ҳодисае, ки пас аз ин бозӣ сар зад, норӯшаниҳои зиёде боқӣ мондааст. То ҳанӯз касе ба ин суол посух наёфтааст, ки чаро кормандони таъйиноти махсус ё худ ОМОН дар миёни мухлисон моддаи таркандаро инфиҷор карданд. Кормандони ОМОН ин рафтори худро шарҳ надоданд, аммо мухлисон мегӯянд, маҳз ҳамин рафтор боиси даст задани мухлисон ба бетартибиҳо шудааст.

Ин навор аз Youtube гирифта шудааст.

Бенизомӣ дар варзишгоҳи Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Вале бо гумони даст доштан дар ин бетартибиҳо танҳо 16 ҷавони маҳаллӣ боздошт шудааст, ки чаҳор нафарашон дар боздоштгоҳ ва боқӣ то анҷоми баррасии парванда дар озодӣ ба сар мебаранд.

Дилшод, як мухлиси футбол мегӯяд, пас аз анҷоми бозӣ ҳама мухлисон эҳсосӣ буданд ва кормандони мақомоти интизомӣ бо рафтори нохуби худ, ба эҳсосоти онҳо бозӣ карданд.
Ӯ гуфт: «Мухлисон, албатта эҳсосӣ буданд, вале ба бетартибӣ даст назада баромад мерафтанд. Ин ҷо як гап ҳаст, ки ҳеҷ ҷо намегӯянд, ҳамин аст, ки ОМОН-и Душанбе ба эҳсосоти ҷавонон бозӣ кард. Вақте таркишу тирпарронӣ шуд, ҷавонон гуфтанд, ки инҳо кӣ ҳастанд, ки дар шаҳри мо чунин мекунанд. Вақте, ки худашон ҳам асабӣ буданд ва ин ҳодиса шуд, дигар онҳо худро контрол карда натвонистанд. Ҳоло мегӯянд, ки ин ҳодиса тарҳрезӣ карда шуда буд, вале ман бовар намекунам, зеро ҳама медид, ки камераҳо сабт мекунанд ва бе ҳеҷ сабабу аз пеши худ чунин намекарданд.»

БЕНАЗМИҲОИ ТАРҲРЕЗИШУДА?

Саидвалӣ, як ҷавони дигари маҳаллӣ ва мухлиси футбол мегӯяд, ҳоло сару садое паҳн шудааст, ки гӯё ин бетартибиҳо таҳрезишуда буданд. Ба гуфтаи вай, бо чунин сару садо

футболро ба сиёсат омехта кардаанд, ки ин қобили қабул нест. Сайвалӣ афзуд: «Ҳама мегӯянд, ки ин бетартибии мухлисон ташкил шудааст ва ҷавонон эътироз мекунанд. Ҳеҷ гоҳ ин хел нест. Инҳо фақат мухлисони оддӣ ҳастанд, ки нав ба варзиш рӯ овардаанд, зеро дигар ҳеҷ шуғле надоранд.»

Аксари боздоштшудагони беназмиҳои пас аз бозии футбол ҷавононанд. Аз ҷумла панҷ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки маъмурият онҳоро то ҳукми додгоҳ аз донишгоҳ хориҷ намекунад. Аммо маъмурияти ин Донишгоҳ дар ҳамин ҳол беш аз 300 донишҷӯи шӯъбаи ғоибонаро бо ҷурми иштирок накардан дар дарсҳо ва қарздор будан аз санҷишу имтиҳон аз сафи донишҷӯён хориҷ кардааст.
XS
SM
MD
LG