Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида ба хуруҷи нерӯҳои низомии худ аз хоки Афғонистон шурӯъ кардааст, коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳадс мезананд, ки дар пайи ин хуруҷ тундгароӣ ва терроризм дар минтақа бештар шуда ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳдид хоҳад кард.
Бо хуруҷи
нерӯҳои эътилоф
вазъ дар дохили Афғонистон комилан дигар мешавад ва нерӯи Толибон дар ҳукумати Афғонистон ҳузур пайдо мекунад...
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки кишварҳои минтақа, бахусус давлатҳое, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд, аз ҳоло вазъи пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилофро ба баррасӣ гиранд ва ба ҳар шароити пешмеомада омодагӣ гиранд.
Ӯ гуфт: "Иёлоти Муттаҳида ба хуруҷи нерӯҳои худ оғоз кардааст, ин ба вазъи минтақа таъсири ҷиддӣ дорад ва то соли 2014 чӣ ҳолат пеш хоҳад омад ва пас аз соли 2104 чӣ хоҳад шуд, мо коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаато баррасӣ кардем. Эҳтимол дорад аз лиҳози геополитикӣ минтақа ба
шароити нав рӯ ба рӯ шавад. Мо бояд омилҳои хатарзоро мушаххас кунем, таҳдидҳои эҳтимолиро муайян кунем, натанҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи кишварҳои минтақа ин корро кунанд. Аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ стратегияи то соли 2014 ва баъди аз онро таҳлил намуда ба ҳукуматҳо пешниҳод бояд кунанд. Аз ҳоло бозии кишварҳои абарқудрат дар минтақа оғоз шудааст ва ҳамаи ин дигаргуниҳоро аз ҳоло пешбинӣ намуд."
Аммо коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон, Рашид Ғанӣ Абдулло, мегӯяд, ки агар марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар паи ҷустӯҷӯи омилҳои хатарофарин пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф шаванд, натиҷаи нек нахоҳад дод.
Ба назари ин таҳлилгари тоҷик, беҳтар аст, бо назардошти пеш омадани дигаргуниҳои сиёсӣ ва новобаста аз ҳузури кадом нерӯҳо дар Афонистон, Тоҷикистонро лозим аст муносибати худро танзим кунад.
"Бо хуруҷи нерӯҳои эътилоф вазъ дар дохили Афғонистон комилан дигар мешавад ва нерӯи Толибон дар ҳукумати Афғонистон ҳузур пайдо мекунад. Кишварҳои минтақа вобаста ба ин дигаргунӣ сиёсати худ ва ҳамкории минбаъдаи худро мушаххас кунад. Набояд мунтазири кадом хатар шавем, балки аз пайи он бошем, ки аз ҳоло чӣ бояд кард, то бо дигаргуниҳои сиёсии Афғонистон муносибати худро маълум кунем",-мегӯяд Рашид Ғанӣ Абдулло.
Коршиноси Маркази таҳлилии "Диалог", Ҳикматулло Сайфуллозода ба ин бовар аст, ки бо хуруҷи нерӯҳои Эътилофи зиддитеррор аз Афғонистон, дар ҳукумати Кобул тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд меояд, ки бархӯрди кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ба он, вазъи умумии амниятӣ ва иқтисодии минтақаро таъйин хоҳад кард.
Ба назари Сайфуллозода, бар иловаи як марзи муштараки беш аз ҳазоркилометра чандин тарҳҳое ҳаётие, ки Тоҷикистон бо Покистон ва Эрон дорад, аз роҳи Афғонистон убур мекунанд ва ин водор мекунад, ки Душанбе новобаста аз таркиби ҷадиди ҳукумати Афғонистон бояд ҳусни ҳамҷавориро риоя кунад.
Вай афзуд: "Мо бояд ба воқеият бархӯрд кунем. Агар Афғонистон ба сулҳи хеш мерасад, пас, бо тамоми нерӯҳое, ки дар Афғонистон таъсир доранд, бояд робитаи ҳамҷаворӣ ва давлатдориро ҳифз кард."
Ҳикматулло Сайфуллозода меафзояд, дар чаҳорчӯбаи сулҳи Афғонистон агар Толибон ҳам шомили ҳукумати Кобул шаванд, Тоҷикистон ҳамкории неки худро бояд идома диҳад.
Ин дар ҳолест, ки ба қавли Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар кишвари минтақа дар алоҳидагӣ вазъи пешмеомада дар робита ба хурӯҷи неруҳои Эътилоф аз Афғонистонро баррасӣ намуда, сипас дар заминаи ин таҳлилҳо як стратегияи воҳиди кишварҳои Осиёи Марказиро танзим кунанд.
Зеро интизор меравад то соли 2014 нерӯҳои Эътилофи зиддитерор аз хоки Афғонистон берун хоҳанд рафт ва омодагӣ ба ҳар дигаргунӣ дар Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя муҳим дониста арзёбӣ мешавад.