“Парвоз” аз 20 бозӣ дар 6-тоаш пирӯз шуда, 3 бозиро бо натиҷаи мусовӣ анҷом додааст ва дар 11 бозӣ мағлуб гаштааст. Таносуби тӯбҳояш 22-39 мебошад. Дар ин даста, аслан, бозигарони худӣ, ки ҳам пуртаҷриба ва ҳам ҷавон ҳастанд, бозӣ мекунанд. Мансур Ҳакимов, капитани “Парвоз”, ки то ҳоло 11 гол задааст, ба қатори беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дохил аст.
Баъди бозии “Парвоз” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе бо тими мизбон - “Истиқлол” хабарнигори радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо сармураббии дастаи “Парвоз” Муҳаммад Ҷӯраев ҳамсӯҳбат шуд ва ин мусоҳиба ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.