Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ номзади феълии интихоботи президентии Қирғизистон


Кумиссюни марказии интихоботи Қирғизистон то ҳоло 5 номзади интихоботи ояндаи президентиро сабтином кардааст. Намояндаи ин кумиссюн ба Радиои Озодӣ гуфт, се нафари онҳо – Адахон Мадумаров аз ҳизби «Тамоми Қирғизистон», Камчибек Тоҷиев аз ҳизби мухолифи Падарватан ва Эркин Булекбоев аз ҳизби саб, намояндагони аҳзоби сиёсиянд. Ҳамчунин ду нафар, додраси пешини Додгоҳи олии Қирғизистон, Барктабас Азимқулов ва шаҳрдори собиқи Узген, Расул Юолдошбоев аз тариқи худпешбарӣ номзад шудаанд. Номнависи муддаиёни раёсатҷумҳурии Қирғизистон то 15-уми август идома карда, интихобот рӯзи 30-юми октябр баргузор мешавад. Президенти феълӣ Роза Отунбоева гуфтааст, дар интихобот ширкат нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG