Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои порламон барои соҳибкорӣ ифшо шуданд


Таҳлилгарони Қирғизистон мегӯянд, баъзе намояндагони порламони ин кишвар манофеи тиҷоратӣ доштаанд ва чунин манофеъро Қонунии Асосии кишвар барои намояндагон ҳангоми тасвиб ё райдиҳӣ ба қонунҳо дар порламон иҷоза намедиҳад. Мелис Сатибеков-муовини Шӯрои низори вазорати захоири табиии Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, хатаре вуҷуд дорад, ин намояндагони порламон аз манофеи тиҷоратӣ ё соҳибкории худ дар порламон дифоъ кунанд. Чолпонқул Арабаев-мудири Хадамоти кадрии Қирғизистон бар ин ақида аст, ки Қонуни Асосӣ на танҳо ба аъзои порламон, балки ба шахсиятҳои расмӣ низ иҷоза намедиҳад, ки тиҷорати худро дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG