Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 қурнбонӣ дар даргириҳои ҷануби шарқи Туркия


Бино ба гузоришҳои расида аз Туркия, дар задухӯрдҳо бо шӯришиёни курд дар ҷануби шарқи ин кишвар 13 сарбоз кушта шудаанд. Низомиён мегӯяд, ки аз ҷониби шӯришиёни курд низ 7 нафар ба қатл расидаанд. Аз замони қатъи оташбаси Пи Пей Кей ё Ҳизби Коргарии Курдистон дар моҳи феврал ин шадидтарин даргирӣ бо шӯришиёни курд будааст, ки дар наздикии шаҳраки Силван рух додааст. Аз соли 1984 ба ин сӯ курдҳои Туркия барои қаламрави мухтор мубориза мекунанд.
XS
SM
MD
LG