Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судони ҷанубӣ узви 193-юми СММ шуд


Парчами Судони ҷанубӣ
Парчами Судони ҷанубӣ
Маҷмаъи умумии СММ имрӯз Судони ҷанубиро ба ҳайси узви 193-юми Милали Муттаҳид пазируфт. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар иҷлоси Маҷмаъи умумӣ гуфт: “Ҳарду Судони ҷанубиву шимолӣ сарнавишти муштарак доранд. Онҳо бояд дар оянда ду ҳамкор шаванд, на рақиб.”
Ин минтақа истиқлолаш аз Судонро рӯзи шанбе ба дунболи раъйпурсии умумии моҳи январ эълон кард. Ин райъпурсӣ аз шартҳои созишномаи сулҳи соли 2005 буд, ки ба 20 соли ҷанг байни шимоли умдатан мусалмоннишин ва ҷануби аксари ҷамъияташ сиёҳпӯсти Судон хотима дод.
Черногория то кунун охирин кишваре буд, ки дар соли 2006 ба узвияти СММ пайваст. Аммо Русияву Чин, ки соҳиби ҳаққи ветоянд, ба чунин талоши Тайван ва Косово мамониат мекунанд.
XS
SM
MD
LG