Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталаб бомбро дар саллааш ҷо кардааст


Волии Қандаҳор Турёлай Висо ҳалокати дастикам 4 нафар, бо шумули раҳбари Шӯрои уламои ин минтақаи ҷануби Афғонистон Мавлавӣ Ҳикматуллоҳи Ҳикмат бар асари ҳамлаи интиҳории имрӯза дар масҷиди шаҳрро таъйид кард ва гуфт, маргталаб маводи таркандаро дар саллаи сараш ҷо карда буд: “Ин як таркиши хурд дар расми фотеҳа буд ва як буздил бомбро дар саллаи сараш ҷо карда буд. Ин хилофи Ислом ва фарҳанги паштуҳову қандаҳориҳост. Дар натиҷа раҳбари Шӯрои уламои вилоят ва як наврасу як тани дигар кушта ва 15 нафар захмӣ шуданд.”
Ин ҳамла дар маросими фотеҳаи бародарандари кушташудаи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай сурат гирифт. Чанд мақоми кобина дар ин маросим ҳузур доштанд, вале осеби ҷиддие надида, баъди таркиш тавассути чархбол кӯчонда шуданд. Аҳмадвалӣ Карзай рӯзи сешанбе аз сӯи як муҳофизи хонаводаашон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG