Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изи омилони ҳамлаҳои Мумбайро ҳанӯз нагирифтаанд


Вазири умури дохилии Ҳинд гуфт, тафтишот ҳанӯз изи афроди истода дар паси се бомбгузории хунини дирӯза дар Мумбайро нагирифтааст. Паланиаппан Чидамбарам дар як нишасти хабарӣ гуфт, таркишҳо дар се канораи пойтахти иқтисодии Ҳинд “ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи террористӣ” буданд. Ӯ афзуд, дар натиҷаи ин ҳамалот 17 нафар кушта ва 131 тан захмӣ шудаанд. Қаблан шумори қурбониёни таркишҳои Мумбай 21 нафар гуфта мешуд.
XS
SM
MD
LG