Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯлобнафтрасон": "Газпромнефт" тақаллубкор нест."


Идораи “Кӯлобнафтрасон”, танҳо ширкати ҳамкори “Газпромнефт”, тақаллуб дар кори ин ширкати русиро рад мекунад.

Амрохон Одинаев, як масъули "Кӯлобнафтрасон" ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳамеша аз ин ширкат сӯзишвории ба талабот ҷавобгӯ дарёфт мекунанд.

Ин ҳарфҳои ҷаноби Одинаев дар ҳолест, ки аз Раёсати стандарти
Амрохон Одинаев, як масъули ширкати "Кӯлобнафтрасон"

минтақаи Кӯлоб иттилоъ доданд, ки чанд моҳ пеш ширкати "Газпромнефт"-и Русия бензини навъи 80-ро ҳамчун бензини навъи 92 ба "Кӯлобнафтрасон" дода буд.

Дар ин иртибот ҷаноби Одинаев гуфт: "Аз ин ҳодиса мо хабар дорем, вале ин ҷо хатои техникӣ сар зада буд. Барои ҳамин нофаҳмиҳо шуд. Фақат бо хатои техникӣ навъҳои бензин дигар шуда буд. Дар асл мо чанд сол аст, ки бо "Газпромнефт" ҳамкорӣ дорем ва умуман аз ҷониби он тақаллубкорӣ мушоҳида накардаем. Ин ширкати баобрӯ аст ва бо иваз кардани навъи ҳазор тонна бензин ҳеҷ гоҳ обрӯи худро намерезад."
XS
SM
MD
LG