Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози "хомӯш"-и устодони донишгоҳи Хоруғ


Ҷараёни ҳуҷҷатсупорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ
Ҷараёни ҳуҷҷатсупорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Гурӯҳи устодони донишгоҳи давлатии Хоруғ барои таъхир дар пардохти маош эътироз карданд.

Эътирозгарон мегӯянд, қариб ду ҳафта боз ба ҷойи истироҳату фароғат ба умеди маош ва рухсатпулиҳо рӯзашонро дар назди кассаи донишгоҳ сипарӣ мекунад.

ЧАРО УСТОДОН ЭЪТИРОЗ КАРДАНД?

Лолои Давлатбек, яке аз эътирозгарон ва номзади улуми филологӣ, садорати донишгоҳро ба танзими нодурусти маблағи буҷа ва шартномавӣ айбдор мекунад, ки дар бисёр ҳолатҳо ба таъхир дар пардохти музди меҳнат сабаб мешавад Вай гуфт: «Мехоҳем тайи нома ба садорат расонем, ки мақому манзалати омӯзгор баланд ва маош дар вақташ пардохт шавад, сифати таълим ва қабули донишҷуён беҳтар гардад.»

Ба гуфтаи Ошурбек Шамиров, барои бештари омӯзгорони донишгоҳ музди меҳнат ягона сарчашмаи даромад буда, тибқи қавонин, музди меҳнат бояд дар навбати аввал пардохт шавад. Аммо дар ҳоле, ки садорат барои таъмиру сохтмон ва иҷрои корҳои дигари хоҷагидорӣ ва фарҳангӣ маблағ пайдо мекунад, пардохти маош ба мушкилот дучор гардидааст. Ба қавли Шамсиддин Шоиков, онҳо шакли хомӯши эътироз дар аудиторияро интихоб карданд, зеро мехоҳанд дар доираи қонун амал кунанд ва бовар доранд, ки садояшон ба гӯши садорати донишгоҳ мерасад. Зиёда аз 20 нафар норозӣ гуфтанд, дар синф ҷамъ мешавем, аммо теъдоди камашон ҳозир шуданд.

ГИРЕҲИ МУШКИЛ ДАР КУҶОСТ?

Аммо дар садорати донишгоҳ таъхир дар воридоти маблағи буҷавӣ ва қарздории донишҷуёнро дар мавриди пардохти ҳаққи таҳсил сабаби зуҳури мушкилот арзёбӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барои омӯзгорони донишгоҳ 31 дар сади маош аз ҳисоби маблағи буҷа ва 69 дар сади он аз ҷайби донишҷуёни гурӯҳҳои шартномавӣ пардохт мешавад.

Сармуҳосиби донишгоҳ Зуҳурбек Назришоев мегӯяд, ки мушкилоти пардохти музди меҳнат моҳи январ низ бинобар дер ворид шудани маблағи буҷа ба миён меояд. Вале он вақт вобаста ба шурӯи сессияи зимистона ва зиёд шудани сафи супорандагони маблағи шартомавӣ, музди меҳнат сари вақт пардохт мешавад, вале дар тобистон воридоти маблағи шартномавӣ ба касса камтар мегардад. Бино бар мушоҳидаҳо, довталабон ҳам барои супурдани ҳуҷҷатҳо ба гурӯҳҳои шартномавӣ шитоб надоранд ва кӯшиш мекунанд, ки сараввал бахташонродар гурӯҳҳои буҷавӣ санҷида ва дар сурати нокомӣ, иҷборан рӯй ба гурӯҳи шартномавӣ меоранд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи сармуҳосиб қарздории донишҷуёне, ки дар гурӯҳҳои шарномавӣ таҳсил мекунанд, ба 1 миллион сомонӣ расидааст.

Ба гуфтаи коршиносон, коҳиши даромади муҳоҷирони корӣ ва боло рафтани нархи таҳсили шартномавӣ, ахиран ба пардохти ҳаққи таҳсили пайвандону хешовандонашон дар зодгоҳ ва маоши омӯзгорони донишгоҳ таъсир бар ҷой гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи як манбаъ дар донишгоҳ, дар ҳоле, ки барои пардохти музди кор пул намерасад, аммо донишгоҳ маҷбур шудааст, барои шикасту рехти хобгоҳи донишҷуён, ки фармоишгари он мудирияти сохтмонии назди президент мебошад, пас аз маросими ба истифода додани он ҳам маблағи зиёд сарф кунад.

Ба гуфтаи эътирозгарон, агарчанде бештари маблағ барои фаъолиятҳои донишгоҳ аз киссаи донишҷуён ва волидайнашон ҷуброн мешавад, аммо донишгоҳ ҳар чӣ бештар ба пойгоҳи чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии иҷбори ба мисли «маршировка» табдил шуда ва садорати донишгоҳ дар чунин ҳолат аз эҳсоси мушкилоти иҷтимоии омӯзгорон то рафт дуртар мешавад. Эътирозгарон бар ин ақидаанд, ки назорати дурусти шартномаҳои гурӯҳҳои буҷавӣ ва танзими маблағи воридотӣ, ҳадди ақал мушкилоти саривақтии пардохти музди меҳнатро аз байн мебарад.
XS
SM
MD
LG