Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон барои убур аз марзҳояш маблағи бештар мехоҳад


Узбакистон қимати транзити молу коло ва убуру мурури нақлиёт аз марзҳояшро 15 дарсад боло бурд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, акнун ширкатҳову соҳибони мошинҳои боркаши хориҷӣ барои убур аз марзи кишвар ба ҷойи 230 доллари қаблӣ бояд 265 доллар пардохт кунанд.

Қимати убуру мурури марзҳои Ӯзбакистон аз сӯи воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон аз 103 доллар то 118 доллар боло бурда шудааст.

Гуфта мешавад, ки қимати транзит барои нақлиёти Туркманистон, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, бидуни тағйир боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG