Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми таҳқиқи парвандаи Ӯрунбой Усмонов


Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон. Ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе, 12-уми июли соли 2011
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон. Ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе, 12-уми июли соли 2011

Додситони кул аз анҷоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ иттилоъ дод.

Шерхон Салимзода гуфт, имрӯз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон онро барои ирсол ба додгоҳ ба додситонии вилояти Суғд супорид.
Иддае бар инанд, ки парвандаи Усмоновро мақомот шояд қатъ кунанд ва ё бар асоси Қонуни авф, ки қарор аст ба муносибати 20- солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба тасвиб расад, ӯро озод намоянд...


"Мо ин парвандаро талаб кардем, чунки омӯхта ҳолатҳои корро бояд ба раисҷумҳури Тоҷикистон ахборот диҳем, зеро ӯ ҳам мисли шумо намояндаи васоити ахбори умум аст",-гуфт ӯ.

Чунин изҳороти мақоми баланд дар Тоҷикистон ба дунболи фишорҳои густардаи созмонҳои байнулмилаливу хориҷӣ ва дохилӣ сурат мегирад. Аз ибтидои боздошти Ӯрунбой Усмонов дар санаи 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизбуттаҳрир” даҳҳо созмону ниҳод бо тақозои раҳо кардани ӯ аз зиндон ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
Линки мустақим



Созмонҳои дифоъ аз озодии баён ва намояндагиҳои дипломатии Ғарб бар инанд, ки боздошти Урунбой Усмонов кӯшише барои “сонсур кардани матбуот” аст.

Исфандиёри Одина, сарвари намояндагии ВВС (аз тарафи рост) ва Ӯрунбой Усмонов (аз тарафи чап) дар Идораи амнияти вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд
Исфандиёри Одина, сарвари намояндагии ВВСдар Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи раисҷумҳури кишвар ба қазияи Урунбой Усмонов истиқбол карда, гуфт: "Мо умедворем, ки ин масъала ҳалли мусбати худро меёбад ва хабарнигори мо озод мешавад. Албатта, ҳама дар чаҳорчӯби қонун баррасӣ мешавад. Фикр мекунам, ин ҳам барои Тоҷикистон хуб аст ва ҳам барои ҷомиаи байнулмилалӣ, чун ин қазияест, ки ҳама чашм ба он дӯхтаанд ва ҳама назорат мекунанд, ки ба куҷо мерасад."

Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи оқои Усмонов низ анҷоми парвандаро таъйид карда, афзуд, дар ниҳоят иттиҳомоти қаблӣ — узвият дар «Ҳизб-ут-таҳрир» ва хабардор накардани мақомот аз аъзои ин ҳизб комилан лағв шуда, айби нав эълон шуд.

Файзинисо Воҳидова
Хонум Воҳидова афзуд, Усмонов акнун аз рӯи моддаи 26 ва қисми дуюми моддаи 307 айбдор мешавад: "Яъне гарчанде узви ин ҳизб нест, аммо дар вазифаи хабарнигори хадамоти ҷаҳонии ВВС дар шимоли Тоҷикистон фаъолият намуда, бар хилофи талаботи моддаҳои 6, 22 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма амал карда, аз аъзоёни ин ҳизб маълумот оида ба рафти мурофиаҳои судии аъзои созмони экстремистӣ ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди латукӯб қарор дода шудани аъзои ҳизби номбурда, инчунин аз мактаби ин ҳизб, ки бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барпо намудани сохти давлатии хилофат ахборот гирифта, барои минбаъд тавассути радиои ВВС паҳн кардани онҳо бо истифода аз манфиатҳои хизматиаш пахш карданӣ буд."

Хонум Воҳидова чунин ҷурм аз 40 то 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то панҷ соли зиндон муҷозот дорад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон
Дар робита ба қазияи Ӯрунбой Усмонов иддае ҳам бар инанд, ки парвандаи ӯро мақомот шояд қатъ кунанд ва ё бар асоси Қонуни авф, ки қарор аст ба муносибати 20 — солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба тасвиб расад, озод шавад.

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд: "Азбаски қаблан мақомоти тафтишотӣ эълом дошта буданд, ки алайҳи Ӯрунбой Усмонов далоили мӯътамад доранд, онҳо ҳаддалимкон кӯшиш мекунанд ба хотири ҳифзи обрӯи кории худашон бо як ҷазои хурде Усмоновро раҳо кунанд."

Коршиносон мегӯянд, бо ин вуҷуд таваҷҷӯҳи раисҷумҳури Тоҷикистон марҳалаи наве дар ҳалли мусбати қазияи Урунбой Усмонов хоҳад шуд. Аммо оё иродаи сиёсии мақомоти тоҷик ба раҳоии хабарнигори ББС то куҷо кифоят хоҳад кард, фақат вақт нишон хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG