Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари президенти Афғонистон кушта шуд


 Аҳмад Валӣ Карзай-бародари президенти Афғонистон
Аҳмад Валӣ Карзай-бародари президенти Афғонистон
Радиои Озодӣ аз Афғонистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз бародари хурди президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай дар вилояти ҷанубии Қандаҳор ба қатл расид. Ходимони шифохонаи Мирвайси Қандаҳор марги Аҳмад Валӣ Карзайро, ки раёсати Шӯрои маҳаллии ҳамон вилоятро бар ӯҳда дошт, тасдиқ мекунанд. Ба қавли намояндагони ҳукумати Афғонистон бародари президенти ин кишварро яке аз муҳофизонаш дар хонааш бо тири силоҳ ба қатл расондааст.
Вале Раёсати хадамоти амниятии Афғонистон ин хабарро беасос номида, иброз доштааст, ки бародари расиҷумҳури Афғонистонро соати 11:30 яке аз меҳмонон дар хонааш ба қатл расонд. Ба гуфти афсарони амниятӣ муҳофизони Аҳмад Валӣ Карзай қотилро дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расонданд.
Аҳмад Валӣ Карзай яке аз мансабдорони муассири ҳукумати Афғонистон буда, дар маркази як баҳси фасод қарор дошт.
Мақомоти афғон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар ин ҳамла ҳамроҳ бо бародари раисҷумҳури афғон муовини раиси Шӯрои Қандаҳор Амир Лолоӣ низ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG