Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои муовини вазири дифоъи Туркманистон


Бердимуҳаммадов
Бердимуҳаммадов
Бино ба гузориши як расонаи давлатӣ, раисиҷумҳури худкомаи Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар пайи силсилаи таркишҳои пурқурбонӣ дар шаҳри Ободон муовини вазири дифоъро барканор кардааст. Ин давлати сарбастаи Осиёи Марказӣ ахиран ҳалокати ду сарбоз ва 13 ғайринизомӣ дар таркишҳои рӯзи панҷшанбе дар ин минтақаи воқеъ дар 20-километрии Ишқободро эътироф кард. Мухолифин аммо шумори қурбониёнро то 200 нафар мегӯянд.
XS
SM
MD
LG