Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

110 000 шаҳрванди тоҷик аз Ҳаҷҷ зиёрат кардаанд


Тайи солҳои истиқлоли Тоҷикистон беш аз 110 000 аз атбоъи тоҷик зиёрати Ҳаҷҷ кардаанд. Абдураҳим Холиқов, раиси кумитаи дини Тоҷикистон ба «Азия Плюс» гуфтааст, тақрибан ҳамин миқдори дигар дар ин муддат Ҳаҷҷи умра кардаанд. Танҳо дар як соли гузашта тавассути ширкати саудии «Дуруд Табба» аз Тоҷикистон тақрибан 5500 нафар аз Маккаву Мадина зиёрат карданд.
XS
SM
MD
LG