Ин нишасти машваратӣ барои ҳалли бӯҳрони Сурия, рӯзи якшанбе, 10-уми июл шурӯъ шуд.
Дар ин нишаст 200 тан аз намояндагони мустақили парлумон ва намояндагони ҳизби ҳоким ҳузур доранд. Намояндагони мухолифин ба далели идомаи саркӯби мӯътаризон аз ширкат дар ин гуфтугӯ худдорӣ кардаанд.
Ҳамчунин, мухолифони дохил ва хориҷи Сурия набуди заминаи гуфтугӯ ва фароҳам нашудани шартҳои худро далели мушорикат накардан дар нишасти "Гуфтугӯи миллӣ" унвон карданд.
Як узви Кумитаи миллии нерӯҳои тағйир рӯзи шанбе дар нишасте хабарӣ дар Димишқ, пешшартҳои мухолифин барои ҳузур дар нишасти "Гуфтугӯи миллӣ"-ро ин гуна эълон кард: "Мутаваққиф кардани бархӯрди хушунатомез бо тазоҳуркунандагон, иҷоза додан ба тазоҳуроти мусолиматомез бидуни ҳеҷ қайду шарт, мутаваққиф кардани ҳамалоти расонаӣ алайҳи мӯътаризон, ислоҳоти густурда дар Қонуни асосӣ."
Рӯйдодҳои рӯзи аввали нишасти "Гуфтугӯи миллӣ" ба таври зинда аз телевизони давлатии Сурия пахш шуд. Рӯзи якшанбе, 10-уми июл ҳозирон дар нишаст бар зарурати поёни бархӯрди амниятӣ бо мухолифон таъкид карданд.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи созмонҳои ҳуқуқи башар дар тазоҳуроти шаҳрҳои мухталиф дар Сурия дастикам 15 нафар ба зарби гулӯлаи нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.
Қарор аст, баҳсҳои рӯзи дуввуми нишасти машваратии "Гуфтугӯи миллӣ" ба ислоҳи Қонуни асосӣ ва баррасии пешнависи қавонини аҳзоб ва расонаҳо ихтисос ёбад.