Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус: Амалиёти ҷангиён тобистони имсол коҳиш ёфт


Фармондеҳи калони нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон генерал Дейвид Петреус гуфт, ки дар муқоиса бо тобистони гузашта, имсол ҳамлаҳои Толибон дар ин кишвар коҳиш ёфтааст. Петреус зимни як боздидаш аз Кобул гуфт, ки мизони ҳамлаҳо моҳҳои маю июни имсол, ки чун мавсими анъанавии авҷгирии амалиёти ҷангиён шинохта мешавад, чанд дар сад коҳиш ёфт. Вале, гуфт ӯ, шумори таркишҳои бомбгузоришуда дар дохили кишвар афзоиш ёфтааст. Петреус дар миёнаҳои моҳи июл аз вазифаи худ канор рафта, қарор аст раҳбари Оҷонсии марказии истихбороти Амрико таъйин шавад.
XS
SM
MD
LG