Дар изҳороти ахираш Дуня Миятович, раҳбари бахши матбуоти САҲА батакрор гуфт, ки боздошти хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистонро чун кӯшиши “сонсур кардани матбуот” арзёбӣ мекунад.
Вай дар ин бора ва дар бораи даъвати озодшавии билофосилаи Усмонов дар номае ба унвонии вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ, дар таърихи 16-уми июни соли ҷорӣ зикр кардааст.
"Ман дубора ба унвонии мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардам ва аз онҳо тақозо кардам, ки ҳақи ӯро ба бегуноҳӣ эҳтиром ва ӯро ба таври сареъ озод кунанд",-афзудааст ӯ.
Дуня Миятович аз вазъи саломатии хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ изҳори ташвиш карда мегӯяд, бо вуҷуди ин ки саломатии ӯ заиф буда, вай аз мушкилоти марбут ба дил ва диабет ранҷ мекашад, вайро дар ҳолати дур аз дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ нигоҳ медоранд.
Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизбуттаҳрир” боздошт шуда, вале баъдан ин иттиҳом тасдиқи худро наёфтааст. Ҳолшо бар поияи иттилои вакили дифои ӯ, хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ барои иттилоъ надодан дар заминаи афроди марбут ба "Ҳизбуттаҳрир" муттаҳам ва дар боздоштгоҳи Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад.
Боздошт ва иттиҳоми хабарнигори шабакаи садову симои Бритониё интиқодҳои шадиди созмонҳои мудофеи озодии баён ва корпусҳои дипломатии ғарбиро ба бор овард.
Худи кормандони Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Лондон низ се бор таҷаммӯъ карда, раҳоии Ӯрунбой Усмоновро аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд.