Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуня Миятович дубора ба раҳоии хабарнигори ВВС У.Усмонов даъват кард


Раҳбари бахши матбуоти САҲА Дуня Миятович гуфт, ки “ҳамоно мунтазири вокуниши мақомоти Тоҷикистон дар робита бо қазияи боздошт ва иттиҳоми хабарнигори ВВС Ӯрунбой Усмонов” аст. Дар изҳороти ахираш хонум Миятович батакрор гуфт, ки боздошти ӯро чун кӯшиши “сонсур кардани матбуот” арзёбӣ карда, дар ин бора ва дар бораи даъвати озодшавии билофосилаи Усмонов дар номае ба унвонии вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар таърихи 16 июн зикр кардааст. “Ман дубора ба унвонии мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардам ва аз онҳо тақозо кардам, ки ҳақи ӯро ба бегуноҳӣ эҳтиром ва ӯро ба таври сареъ озод кунанд”.

Дуня Миятович аз вазъи саломатии хабарнигори ВВС изҳори ташвиш карда мегӯяд, бо вуҷуди ин ки саломатии ӯ заъиф буда, вай аз мушкилоти марбут ба дил ва диабет ранҷ мекашад, вайро дар ҳолати дур аз дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ нигоҳ медоранд.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июн дар Хуҷанд бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-Таҳрир” боздошт шуда, вале баъдан ин иттиҳом тасдиқ нашуд. Ҳоло, бар тибқи иттилои вакили дифо, хабанигори бахши ӯзбакии ВВС барои иттило надодан дар заминаи афроди марбут ба “Ҳизб-ут-Таҳрир” муттаҳам ва дар боздоштгоҳи Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад. Боздошт ва иттиҳоми хабарнигори шабакаи садову симои Бритониё интиқодҳои шадиди созмонҳои мудофеи озодии баён ва корпусҳои дипломатии ғарбиро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG