Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Модари ғамҳо"


Гавҳари Қутбиддини 88-сола
Гавҳари Қутбиддини 88-сола

Ман аз даврони СССР, хусусан солҳои 30-юми қарни гузашта хотироти неке надорам.

Чунки аз солҳои 1936-1937, ки ман духтарчаи наврас будам, аз он даврон танҳо ашки чашму доду ҳасрат ва замзамаи таронаву рубоиҳои дуриву ғарибиро аз забони модар ва аммаву холаҳоям дар ёд дорам.

Шаҷараи хонаводагии мо ашрофзода буданд ва сарвату дороии бисёре доштанд. Барои ҳамин ҳам дар солҳои 30-юми қарни 20, аниқтараш солҳи 1936- 1937 яъне солҳои репрессия, 11 нафаро аз авлоди мо бо шумули падарам, тағоҳо ва амакҳову амакбачаҳояам "тройка" карданд. Он солҳо «тройка» мегуфтанд ва баробари шунидани ин калима ларза ба ҷони мардум меафтод. Ҳарчанд ман ҳоло қариб ба 90 даромадам, вале маънои ин калимаро намедонам, вале ҳар бор вақте ба набераву абераҳоям қиссаҳои он солҳоро мекунам, аъзои танам мурчадавак мешавад ва диламро ларза фаро мегирад. Одамони бегуноҳро бо баҳонаи мулло будан, аҳли намозу рӯза будан ва ё ба масҷид рафтану азон додан ва ниҳоят барои сарватманд буданашон «кулак» ё «душмани халқ» гуфта бурда мепарронданд. Шабҳо мардум хоби роҳат надоштанд. Ҳамеша интизор буданд, ки боз ин шаб киро «кулак» мекарда бошанд. Аз кадом хонае садои фарёду нола баланд шавад, дигарон дар ҳар кунҷу канор пинҳон мешуданд, ки баъди он хонавода мабод навбати онҳо набошад.

Ба ёдам меояд, ки чӣ хел он шаби наҳс аз садои гиряву нолаи модарам аз хоб бедор шудам ва дидам, ки чанд марди низомипӯш бо силоҳ дар рӯи ҳавлии мо истодаанд ва мехоҳанд падарам ва амакҳоямро бубаранд. Аз миён қариб як қарн гузаштаасту ҳанӯз садои фарёди модарам ва аммаҳоям дар гӯшам садо медиҳанд, ки мегуфтанд «Хонасухтаи урус молу ҳолмона бурдӣ, охир мардакомона куҷо мебарӣ?»

Он шаби зимистон буд ва барфи бисёре борида буд, падарам ва як амакам гурехта ба кӯҳ рафтанд вале ду амак ва амкбачаҳоямро дастонашонро ба пушт баста ҳатто намонданд, ки либоси гармашонро пӯшанд, бо худ бурданд ва мо дигар онҳоро надидем. Падарамро бошад бо чанде хешу ақрабо ва дӯстони дигараш дар кӯҳҳои дараи Ромит ёфтаву ба қатл расониданд.

Ду тағо ва як амакамро ба Сибир бадарға карданд, ки як ё ду бор аз онҳо хат омада, бо ҳамин дигар аз онҳо на номе буду на нишоне. Ғаму ғуссаҳои ҷудоӣ аз азизон барои мо басо сахту сангин гузашт. Вале ин ҳама як сӯ буду тамғаи бадномии «Душмани халқ» як сӯ ва ин тамға ва ин бадномӣ қариб тамоми умр моро азият дод.

Ману бародаронам дар кӯчаҳо ё мактаб рӯзи нек надоштем. Моро дидан баробар: «Ана фарзандони душмани халқ омададанд. Ҳа,бойбачаҳо, омадед» гуфта дили моро хун мекарданд. Ин буд, ки ман ҳамагӣ то синфи панҷум хондаму дигар ба мактаб нарафтам.

Солҳои баъд бародаронам ва фарзандонам низ аз заҳри забони одамон ва тамғаи «душмани халқ» ва ё «бойбачаҳо», ранҷ медиданд. Масалан бародарони маро ба сафи комсомол қабул накарданд. Он солҳо агар аъзои комсомол ё партия набошӣ,ба ҳеҷ куҷо роҳ намеёфтӣ. Яке аз бародарони ман дониши хеле хуб дошт. Вай бо чандин мушкилӣ ва кӯмаки нафарони некхоҳ ба донишгоҳ дохил шуду инженер шуд. Дигаронашон низ ҳарчанд донишу истеъдоди хуб ва маҳорати модарзодии лидерӣ, роҳбарӣ доштанд, вале натавонистанд барои худ ба истилоҳ карера созанд.

Ман худ солҳои дароз дар колхоз ва баъдан дар боғчаи бачагон ва дар мактаб фаррош шуда кор кардаам. Он солҳо духтарони босаводро кофта ёфта ҳукумат худаш мехононду аз онҳо мутахассис тайёр мекарданд. Вале ман бошам ҳарчанд донишу хоҳиш доштам, вале дар канор мондам. Ману бародаронамро мисле, ки намедиданду намешуниданд.

Танҳо дар солҳои 70-80 ум муносибати ҷомеъа ва мақомот ба наслу авлоди "кулак"-ҳо ва ё ба истилоҳ тройкашудагиҳо дигартар шуд. Ва чанд нафар аз фарзандони ман тавонистанд дар мактабҳои миёнаву олӣ беибо таҳсил кунанду зина ба зина боло рафта дар корҳои масъулиятнок кор кунанд.

Албатта хотири нек ҳам дорам аз даврони СССР. Масалан маро ҳамчун модари серфарзанд ва ҳамсари иштирокчии Ҷани Бузурги Ватанӣ эҳтирому қадрдонӣ мекарданд. Бо медалу орденҳои меҳнат ва қаҳрамонмодар қадрам карданд. Барои фарзандонам пули бисёре ба ман медонанд ва зиндагии хубе ба сар доштем. Вале доғи он солҳои тройка ҳанӯз аз қалбам нарафтааст. Модари бечора ва аммаҳову холаҳоям бори ғами фироқро кашида натавониста бархе дар синни ҷавонӣ ва бархе миёнсолӣ пайи ҳам ин дунёро тарк карданд. Ҳоло ман худ аз он шаҷара ва авлоди бузурги асилзодаҳо тани танҳо мондаам, ки худро «модари ғамҳо» ҳам меномам ва ҳамеша ба ёди азизонам, падар, амакҳо ва тағоҳоям, ки ҳар яке зубову тануманд ва зеби маъракаҳо буданд, ашк мерезем. Абатта шукронаи ҷони фарзандонам мекунам, лекин дар ғами гумкардаҳоям ва мурдаҳои беномунишон ва бекафану ҷанозаашон ҳанӯз ҳам менолам. Алами ман бештар аз он аст, ки онҳоро бегуноҳ барои молу ҳолашон душман эълон кардаву куштанду бадарға карданд. Сари ҷойнамоз ҳамеша дуои ман ҳамин аст, ки дигар он солҳои наҳсро набинем. Замона тинҷ бошаду Худованд ғами ҷони фарзандону набераҳои моро бихӯрад!.

Гавҳари Қутбиддин, сокини 88 солаи пойтахт.

Масъули бахш Сафаргул Олимӣ.
XS
SM
MD
LG