Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба қатли афроди осоишта дар Афғонистон иқрор кард


Нерӯҳои таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон мегӯянд, дар як зарбаи ҳавоӣ тасодуфан ду шаҳрванди осоиштаро куштаанд ва ин парвандаро таҳқиқ мекунанд. Сухангӯи ин нерӯҳо дар Кобул гуфт, бо як зарбаи дигар дар минтақаи Шамоли вилояти Хуст “чанд ошӯбгар” ва “шуморе аз аъзои хонаводаи онҳо” низ кушта шудаанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар ин ҳамла 11 ғайринизомӣ ба ҳалокат расида, ҳодиса сабаби эътирозҳои густардаи хиёбонӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG