Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон аз муҳоҷирати шаҳрвандонаш нигарон аст


Ҳрануш Ҳакобиён
Ҳрануш Ҳакобиён
Хонум Ҳрануш Ҳакобиён-вазири диаспораи Арманистон рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ эътироф кард, ки вай аз раванди муҳоҷирати арманиҳо ба хориҷ нигарон аст ва онро “фоҷеаи миллӣ” хонд. Ахиран гурӯҳе аз донишмандони арманӣ ба раҳбарияти кишвар номае ирсол ва дар зимн аз мақомоти сиёсии кишвар хостанд, ки аз муҳоҷират ба хориҷ фавран пешгирӣ кунанд, зеро он ба иқтисод таъсири манфӣ мерасонад ва миллатро дар баробари хатар қарор медиҳад. Бори нахуст вазири кобина эътироф кард, ки кишвар дар натиҷаи чунин муҳоҷират дар се соли ахир шумораи зиёди аҳолии худро аз даст додааст. Аз 3,8 миллион нафар аҳолии ин кишвар ҳоло 800 000 нафар ин кишварро тарк кардаанд. Тибқи саршумори аҳолӣ дар соли 2001 он вақт шумораи аҳолӣ дар ин кишвар 3,2 миллион нафарро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG