Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: “Ҳамла ба журналистон дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст.”


Amnesty International ё Созмони Авфи Байнулмилал аз мақомоти давлатии Тоҷикистон даъват кард, то хабарнигори Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмоновро, ки ба маълумоти ин созмон мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, аз маҳбас озод кунанд.

Авфи Байнулмилал аз ҳамаи созмонҳо ва фаъолони ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон даъват кардааст, барои раҳоии Усмонов ба номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷӣ ва Додситонии
кулли Тоҷикистон нома фиристанд.

Дар изҳороти Созмони Авфи Байнулмилал ҳамчунин гуфта мешавад, ҳамла ба матбуот ва журналистон солҳои охир дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар ду рӯзи пеш намояндагиҳои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон бори дигар хостори озодии хабарнигори Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов шуданд.

Дар як баёнияи муштарак, ки рӯзи сешанбе, 5-уми июл нашр шуд, аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон бинобар лағв кардани иттиҳоми вобастагии Урунбой Усмонов ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ истиқбол шудааст.

Ҳамзамон ин баёния аз боқӣ мондани Усмонов дар боздоштгоҳ ва иттиҳомот алайҳи вай нигаронӣ намуда, хостори раҳоии фаврии ӯ шудааcт. Ҳамзамон дар ин баёния аз кӯшишҳои мақомоти Тоҷикистон дар амри барқарории суботу оромӣ истиқбол шудааст.

Урунбой Усмонов, ба таърихи 13-уми июни соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ ва ифротгарои Ҳизб-ут-таҳрир боздошт гардид.

Боздошти Усмонов вокунишҳои байнулмилалро дар пай дошт ва ҳамкорони вай дар дафтари марказии Би-Би-Сӣ дар Лондон чанд бор дар рӯ ба рӯи сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ба нишони эътироз ва ба ҳадафи озодии вай таҷаммӯъ карданд.

Урунбой Усмонов, ки беш аз 10 соли ахир ба унвони хабарнигори бахши Осиёи Марказии радиои Би-Би-Сӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, фаъолият мекунад, 59 сол дорад. Вай раҳбарии бахши адабиёти узбакӣ дар Иттиҳоди нависандагони вилояти Суғдро низ ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG