Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди СММ аз "зиёдаравӣ"-и сарбозони исроилӣ


Дабири кулли СММ Бан Ки-мун сарбозони Исроилро дар робита ба кушта шудани тазоҳуркунандагони бесилоҳи Лубнонӣ ба зиёдаравӣ дар истифодаи нерӯ айбдор кард. Нерӯҳои мусаллаҳи Лубнон мегӯянд, аз тири сарбозони исроилӣ 7 лубнонӣ кушта ва 111 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бан гуфт, таҳқиқи пешакии посдорони сулҳи Созмони Милал нишон медиҳад, ки тазоҳуркунандагон низ бо сангандозӣ ва партоби бомбаҳои бензинӣ вокуниши хушунатомезро таҳрик додаанд.
XS
SM
MD
LG