Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз 500 сарбози Бритониё аз Афғонистон хоҳанд рафт


Девид Камерон дар Кобул (акс аз 5 июл)
Девид Камерон дар Кобул (акс аз 5 июл)
Сарвазири Бритониё Девид Камерон гуфт, то поёни соли оянда 500 сарбози дигари ин кишвар аз Афғонистон берун кашида хоҳанд шуд. Бо ихроҷи 400 сарбозе, ки имсол ба ватан бармегарданд, дар Афғонистон 9000 сарбози Бритониё боқӣ хоҳад монд.
Камерон, ки имрӯз дар парлумон баъд аз сафараш ба Кобул сӯҳбат мекард, гуфт, нирӯҳои Бритониё аз соли 2015 дигар дар амалиёти ҷангӣ дар он кишвар ширкат нахоҳанд кард.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама низ моҳе пеш эълон кард, ки аз зери 100 0000 нерӯи амрикоии мустақар дар Афғонистон дар соли ҷорӣ 10 000 ва то моҳи сентябри соли 2012 боз 23 000 тани дигар ба Амрико бар хоҳанд гашт.
XS
SM
MD
LG