Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Порис ба иқдоми СММ алайҳи Сурия


Ҳокими худкомаи Сурия Башор Асад
Ҳокими худкомаи Сурия Башор Асад
Фаронса аз СММ хост, то дидгоҳаш дар қиболи саркӯбии эътирозгарон дар Сурияро возеҳ кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Фаронса Ромен Надал гуфт, ҷаҳон набояд дар муқобили ин хушунатҳо “нофаъолу нотавон” барҷой бимонад. Ин даъвати Порис ба дунболи хабарҳоест, ки мегӯяд, рӯзи 5 июл дар шаҳри ошӯбзадаи бо дасти нирӯҳои содиқ ба режими Башшор Асад боз 14 тани дигар кушта шуданд. Тонкҳо дар пайи бузургтарин эътирозе, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар ин шаҳр алайҳи режими Асад гузашт, чанд рӯз боз Ҳаморо дар иҳота гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG