Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли парвандаи се афсари марзбон ба додситонии низомӣ


Парвандаи се афсари марзбон, ки дар лату кӯби панҷ сокини маҳаллӣ даст доранд, ба додситонии низомӣ ирсол шудааст.

Ин афсарон шоми 3-юми июл, ба деҳаи Порвори ҷамоати Ёли ноҳияи Шӯрообод ворид шуда, бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум 5 сокини маҳаллиро лату кӯб кардаанд.
Масъулини додситонии ҳарбии минтақа мегӯянд, дар сурати пурра тасдиқ шудани ин далелҳо аз додгоҳ дастури ҳабси пешакии марзбононро талаб хоҳанд кард...


Дар миёни афроди лату кӯбшуда як зан ва ду вакили маҷлиси маҳаллии ноҳияи Шӯрообод низ будааст. Инчунин, ин афроди силоҳбадаст, аз болои сари Файзалӣ Ғафуров, ронандаи як нақлёти мусофирбар, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар манзили падарарӯсаш будааст, аз яроқи оташфишон тир холӣ намуда, 850 сомонии ӯро бо як телефонии мобилиаш рабудаанд.

Ғиёсиддин Умаров, додситони ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, чун ҳодиса дар ҳудуди ноҳия миёни ҳарбиён ва сокинон рух додааст, таҳқиқи аввалияро аз рӯи ваколат онҳо анҷом додаанд, вале идомаи онро чун гумонбарон ҳарбиён мебошанд, додситонии ҳарбӣ анҷом медиҳад.

Ӯ афзуд: "Дар масъалаи ҳарбиён прокуратруаи ҳарбӣ қарор қабул мекунад. Хулоса, ки ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳия рух дода буд, мо аз рӯи ваколатҳои худ, онро ба қайд гирифтем ва сокинонро аз ташхис гузарондем, чун онҳо ҷароҳат бардошта буданд. Дигар мо тамоми далелҳоро тариқи прокуратураи минтақа ба прокуратураи ҳарбӣ фиристодем."

Масъулини додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, феълан асноди заруриро рӯи даст доранд ва таҳқиқро аз рӯи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд. То ҳанӯз сабаби ба чунин кор даст задани се афсари марзбон, ки ҳоло озодона дар сафи нерӯҳои марзбонӣ хидмат доранд, номаълум аст.

Хушқадам Қадамов, сардори қисми сарҳадӣ дар ноҳияи Шӯрообод аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард ва ҳангоми сӯҳбат телефонии мобилиашро хомӯш намуд.

Давлаталӣ Сатторов, вакили маҷлиси маҳаллии ноҳияи Шӯрообод, ки он шаб ӯ низ дар қатори дигарон лату кӯб шудааст, мегӯяд, ба ӯ занг заданд, ки афроди номаълуме як ронандаи меҳмонро лату кӯб доранд. Чун вакил барои фаҳмидани асли воқеа ба он ҷо наздик мешавад, худи ӯ низ зери зарби мушту лагад қарор мегирад.

Сатторов гуфт: "Мо аввал нашинохтем, ки онҳо кистанд. Чун гуфтем, ки чаро ин бачаро мезанед, бе ягон ҳарф бо қундоқи автомат моро қариб то беҳуш шудан заданд. Ҳоло дигар прокуратураву милиса аз ин ҳодиса хабар дорад ва онҳо маълум мекунанд, ки чаро онҳо дар миёни аҳолӣ чунин карданд."

Самад, як сокини дигари ҷамоати Ёл мегӯяд, ин рафтори ҳарбиён ногаҳонӣ буд ва аксари сокинони деҳотро ба таҳлука андохт. Ба гуфтаи ӯ, ин се тан марзбон тоза ба фаъолият шурӯъ кардаанд ва дар нисбат ба сокинони маҳаллӣ рафтори нохуб доранд.

Феълан, ин се тан марзбон дар озодӣ ба сар мебаранд ва сабаби ба чунин амал даст задани худро шарҳ намедиҳанд. Масъулини додситонии ҳарбии минтақа мегӯянд, дар сурати пурра тасдиқ шудани ин далелҳо аз додгоҳ дастури ҳабси пешакии марзбононро талаб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG