Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавез ба таври ногаҳонӣ ба Венесуэла баргашт


Раисиҷумҳури Венесуэла, Ҳуго Чавез пас аз ҷарроҳии саратон дар Куба ба таври ногаҳонӣ ба ватан баргашт. Ҳазорон нафар аз Чавези 56-сола дар назди кохи раёсатҷумҳурӣ дар Каракас, пойтахти Венесуэла истиқбол карданд. Дар суханроние аз айвони қаср Чавезт гуфт, ҳанӯз ҳам ба муолиҷа ниёз дорад, вале ваъда кард, ки шифои зуд хоҳад ёфт. Чавез, ки бахши умдае аз иқтисоди кишварашро миллӣ карда ва ба шиорҳои зидди Иёлоти Муттаҳида дар Амрикои Лотин сарварӣ мекунад, айни муддао, яъне ду рӯз пеш аз ҷашни 200-солагии истиқлолияти Венесуэла аз Испания ба ватан баргашт.
XS
SM
MD
LG