Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили эътилофи 5 ҳизб дар Таиланд


Йиндюк Шинаватра
Йиндюк Шинаватра
Йиндюк Шинаватра имрӯз аз таъсиси эътилофи 5 ҳизб хабар дод, ки 60 дарсади курсиҳои парлумони ояндаи Таиландро дар ихтиёр хоҳад дошт. Ин иқдом ба дунболи пирӯзии мутлақи ҳизби Пю Тайи ӯ дар интихоботи дирӯза аст. Сарвазири кунунии Таиланд Абҳисит Веҷҷаҷива алакай шикасташро эътироф карда, гуфт, истеъфо хоҳад дод. Йиндюк Шинаватраи 44-сола ба ин тартиб, метавонад нахустин зан дар мақоми сарвазири Таиланд шавад. Бародари ӯ Таксин Шинаватра аз соли 2001 то 2006 ин мақомро дар даст дошт, вале тавассути як кудатои низомӣ барканор шуда, феълан дар хориҷ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG