Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Веҷҷаҷива шикасташ дар интихоботро эътироф кард


Сарвазири Таиланд Абҳисит Веҷҷаҷива шикасташ дар интихоботи имрӯзаи парлумонро эътироф кард. Баъди он ки натоиҷи экзит-поллҳо аз пирӯзии бузурги ҳизби Йиндлук Шинаватра, хоҳари сарвазири собиқ ва раҳбари ҷунбиши “куртасурхҳо” Таксин Шинаватра дар интихоботи имрӯза дарак доданд, Веҷҷаҷива дар як паёми телевизионӣ гуфт, “ҳизби Пю Тайро бо касби ҳаққи ташкили ҳукумат табрик хоҳад кард." Интизор меравад, куммиссиюни интихобот натоиҷи интихоботро то поёни рӯз нашр кунад. Дар сурати таъйиди пирӯзиаш Йиндлук нахустин зане хоҳад шуд, ки ба симати сарвазирии Таиланд хоҳад расид. Ин хабар мояи хушҳолии тарафдорони Йиндлук шуд, ки “Йиндлук аввал аст!” гӯён шиор мезаданд. Интихоботи имрӯза нахустин раъйгирӣ дар Таиланд баъд аз 6 соли танишҳои сиёсӣ ва эътирозҳои густардаи соли гузашта дар Бангкок буд, ки ҳудуди 90 кушта ба ҷо гузошт. Таксин Шинаватра соли 2006 тавассути кудатои низомӣ барканор шуд ва феълан дар хориҷ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG