Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармои ҳаво дар Тоҷикистон бештар мешавад


Гармои ҳаво дар Тоҷикистон дар моҳи июл шадидтар шуда, дар Душанбе ба 40 дараҷа хоҳад расид.

Инчунин афзоиши гармои ҳаво дар баъзе манотиқи кишвар то 45 дараҷа дар пешбинӣ мешавад.

Боло рафтани дараҷаи ҳаво пеш аз ҳама ба саломатии сокинон, ба низоми кор дар идорот ва хусусан барои деҳқонону бозорнишинон мушкил пеш хоҳад овардааст. Ва чунин вазъ дар тамузи тобистон ҳар сол пеш меояд.

"ҲАВО ГАРМ, ЗАМИН ГАРМ, ҲАМА ҶО ГАРМ..."

Бархе аз сокинони пойтахт мегӯянд, ки гармои ҳаво аллакай дар моҳи июн зери 40 дараҷа буд ва ҳаракат намудан аз соати 12 то -1600 мушкил мешавад.

Фирдавс, як сокини шаҳри Душанбе аз тоқатфарсо будани ҳаво чунин шикоят мекунад: «Имрӯз аз бинои як Конференсия берун омадам, ҳаво ба ҳадде гарм буд, нафасгир шудам ва натавонистам озодона ҳаво гирам. Папкае дар дастам буд, дар болои сарам дошта аз офтоб паноҳ меҷустам.»

Ҳамсӯҳбати дигари ман як ронандаи таксӣ мегӯяд, ки гармии ҳаво ба ҳаракати нақлиёт низ таъсири манфӣ расонидааст: «Медонед ҳам ҳаво гарм, ҳам замин гарм аст, ҳам роҳи асфалт, ҳам чархи мошин, боз оби мотор зуд меҷӯшад, ночор бояд ист кунӣ то андаке сард шудани дараҷаи об. Дар роҳҳо мебинем, ки мошинҳо истодаанд, мегӯянд, ки оби моторашон ҷӯшидааст, ҳамин дарди сару ташвиш ҳаст.»

ҲАМ ГАРМО, ҲАМ БОДИ АФҒОНӢ

Идораи боду ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар моҳи июл мизони гармо дар сартосари Тоҷикистон боз ҳам боло меравад ва имкони боди афғонӣ низ ҷой доштааст.

Ҷамила Байдулоева, раиси Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд: «Дар рӯзҳои наздик боз гармшавии ҳаво дар назар аст. Дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон дар Панҷу Қӯрғонтеппаву Шаҳритус , гармшавии ҳаво ба 43 дараҷа хоҳад расид. Дар Душанбе ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа хоҳад расид. Дар шимоли Тоҷикистон низ аз 41 дараҷа хоҳад гузашт.»

Аммо сокинони ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус мегӯянд, ки ҳарорати ҳаво дар ин минтақа дар охирҳои моҳи июн аллакай ба 47 ва 48 дараҷа баробар шуда буд.

Ба қавли Ҷамила Байдуллоева, ҳарорати баланди ҳаво дар Тоҷикистон бо боло рафтани мизони гармӣ дар Эрону Ҷазираҳои Араб рабт мегирад.

ПАЁМАДҲОИ ГАРМОИ ШАДИД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарорати гармие, ки барои инсон имконпазир аст ва ба саломатии он безарар хоҳад буд гармии то 40 дараҷа хоҳад буд, ки онро дараҷаи биологӣ ном мебаранд.

Яъне вақте, ки дараҷаи гармӣ аз 40 мегузарад, ин ба ғафс шудани хуни инсон меорад, ки ба бемориҳои сактаи дил, ҳамлаи мағзӣ сабаб шуда фишори хунро боло мебарад.

ҶУБРОНПУЛИИ ЗАМОНИ ШӮРАВӢ КУҶО ШУД?

Ба қавли вакили парлумони Тоҷикистон Исмоил Талбаков, дар замони шӯравӣ ба хотири гармои тоқатфарсо дар минтақаи Шаҳритус ба музди коргарон чанд дарсад афзуда мешуд: «Дар минтақаи Айваҷ, Шаҳритус як миқдор пул ҳамчун ҷубронпулӣ ба маоши коргарони ин ҷойҳо афзуда мешуд ва ҳар нафаре ҳам, ки дар фасли тамуз барои кор меомад ба маошаш изофа мекарданд.»

Аммо дар расидагӣ ба ин суол, ки чаро ҳоло ин ҷубронпулӣ истифода намешавад,ҷаноби Талбаков гуфт, ки бо назардошти низоми ҷадиди иқтисодӣ, яъне иқтисоди бозаргонӣ, ин шароит аз миён бардошта шудааст.

Вале Исмоили Талбаков афзуд, ки агар дар матбуоти маҳаллӣ ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ карда шавад, вакилони мардумӣ низ бо истифода аз ҳуқуқҳои худ ба хотири дифоъ аз ҳуқуқҳои интихобкунандагон, ба қонуни корӣ метавонанад тағйироту илова ворид кунанд. Аммо дар мулоқоту сӯҳбатҳо бо интихобкунандагон то кунун ҳеҷ нафаре аз мардуми минтақаи тафсон аз ҳарорати баланди ҳаво дар кору фаъолият шикоят накардааст.

НИГАРОНИИ КИШОВАРЗОН

Ва аммо бештар аз ҳама дамои ҳаво кишоварзони Тоҷикистонро нигарон кардааст, ки ҳарорати зиёд аз қабатҳои замин зуд рутубатро кашида хокро хушк мекунад, ки дар натиҷа ҳосил месӯзад.

Муҳаммадӣ Ормонов, мутахассиси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд: «Хушксолӣ дар Тоҷикистон аллакай ҷой дорад. Дар заминҳои лалмӣ, ки бар асари гармо об намерасад ҳосили дилхоҳ ба даст наомад, бисёр майдонҳои кишти лалмӣ нобуд шудагӣ ҳастанд. Дар нисбати соли гузашта, хушксолӣ, нарасидани намӣ хусусан ба зироати ғалладона таъсири ҷидии манфӣ расондааст. Камборишии соли гузашта, нарасидани об, боз ҳавои гарм, иллатҳои аслӣ ҳастанд, ки ҳам дар вилояти Хатлон ва ҳам дар шимоли кишвар мушоҳида мешавад.»

Ба назари иқтисодонҳои Тоҷикистон, агар ниҳодҳои масъули ҳукумати кишвар дар пайи фаъол намудани насосҳои обкашӣ дар минтақаҳои кишт нашаванд, хушксолӣ барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари аграрӣ паёмади нохуш хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG