Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз ҳукуматҳои Сурия ва Беларус интиқод кард


Ҳилларӣ Клинтон гуфт, на зӯроварӣ, балки тамоюл ба мардумсолорӣ метавонад, ба хушунатҳо хотима диҳад.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон сарони Беларус ва Сурия даъват кард, ба саркӯби дигарандешон хотима гузоранд ва “муборизаи демократияҳои навро барои ҳаёт” эътироф кунанд.

Вай ҳамчунин аз кишварҳои ҷаҳон хост, ҷунбишҳои демократии Ховари Миёна, Шимоли Африқо ва ҳар ҷойи дигарро пуштибонӣ кунанд.

Дар паёме дар ҳамоиши байнулмилалии “Ҷомеаҳо барои демократия” дар Вилнюс, пойтахти Литва, хонуми Клинтон гуфт, “Ин соати зарурат аст”. “Ҳар кишвари демократӣ бояд бархезад ва ин иқдоми он ба ҳисоб гирифта шавад.”

Дар нишасти хабарии муштарак бо вазири умури хориҷии Литва, Одурониюс Ажубалис, Клинтон аз онҳое ёд кард, ки дар Беларус зиндониянд: “Мо талаб мекунем, Беларус маҳбусони сиёсиро озод кунад ва ба роҳи ислоҳоти демократӣ қадам гузорад, зеро барои мардуми Беларус дидани тазоди мутлақи хеш бо ҳамсоягонаш хеле ғамангез аст ва ба ёди мо меорад, ки бунёди Аврупои ягонаву озод ҳанӯз як кори нотамом аст.”

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Беларус даҳҳо нафар аз ширкаткунандагони эътирозҳои зидди режими Лукашенкоро барои мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ кардаанд ва саркӯби мухолифон дар ин кишвар дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ идома дорад.

Хонуми Клинтон инчунин ҳушдор дод, ки президенти Сурия, Башор Асад агар зӯровариро дар баробари норозиён қатъ накунад ва ба онҳо иҷозаи таҷаммӯи озодона надиҳад, бо мухолифате рӯбарӯ хоҳад гашт, ки созмонёфтагии бештаре хоҳад дошт.

Вай гуфт: «Сарои ҳукумати Сурия бояд гузариши ҳақиқӣ ба мардумсолориро оғоз кунанд. Ва иҷозаит танҳо як ҳамоиш дар Димишқ барои мухолифон кофӣ нест, то онҳо ба аҳдофи хеш бирасанд.»

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин аз ҳалокати инсонҳо дар Сурия изҳори таассуф кард ва чунин ҷараёни таҳаввулотро «гузинаи ҳукумати Сурия» номид. Вай аз он ҳам изҳори таассуф кард, ки ҳукумати Сурия бо вуҷуди шиорҳо дар мавриди қатъи хушунатҳо даст ба амали воқеӣ намезанад.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, дар нооромиҳои Сурия, ки дар нимаҳои моҳи марти соли равон сар шуданд, 1400 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳукумати Сурия бархе аз қатлҳоро ба гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ва ғоратгар нисбат медиҳад.

Ду навори видеоӣ, аз Сурия ва Беларус:

Полис тазоҳуротро пароканда кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Линки мустақим


Нерӯҳои Сурия шаҳри марзиро ишғол карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG