Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Клинтон ба раҳбарони Сурия ва Беларус


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон сарони Беларус ва Сурия даъват кард, ба саркӯби дигарандешон хотима гузоранд ва “муборизаи демократияҳои навро барои ҳаёт” эътироф кунанд. Вай ҳамчунин аз кишварҳои ҷаҳон хост, ҷунбиишҳои демократии Ховари Миёна, Шимоли Африқо ва ҳар ҷойи дигарро пуштибонӣ кунанд. Дар паёме дар ҳамоиши байнулмилалии “Ҷомеаҳо барои демократия” дар Вилнюс, пойтахти Литва, хонуми Клинтон гуфт, “Ин соати зарурат аст”. “Ҳар кишвари демократӣ бояд бархезад ва ба ҳисоб гирифта шавад.”
Дар нишастии хабарии муштарак бо вазири умури хориҷии Литва, Одурониюс Ажубалис, Клинтон аз онҳое ёд кард, ки дар Беларус зиндониянд:

“Мо талаб мекунем, Беларус маҳбусони сиёсиро озод кунад ва ба роҳи ислоҳоти демократӣ қадам гузорад, зеро барои мардуми Беларус дидани тазоди мутлақи хеш бо ҳамсоягонаш хеле ғамангез аст ва ба ёди мо меорад, ки бунёди Аврупои ягонаву озод ҳанӯз як кори нотамом аст.”

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Беларус даҳҳо нафар аз ширкаткунандагони эътирозҳои зидди режими Лукашенкоро барои мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ кардаанд ва саркӯби мухолифон дар ин кишвар дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ идома дорад.

Хонуми Клинтон инчунин ҳушдор дод, ки президенти Сурия, Башор Асад агар зӯровариро дар баробари норозиён қатъ накунад ва ба онҳо иҷозаи таҷаммӯи озодона надиҳад, бо мухолифате рӯбарӯ хоҳад гашт, ки созмонёфтагии бештар хоҳад дошт. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, дар нооромиҳои Сурия, ки дар нимаҳои моҳи март сар шуданд, 1400 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG