Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳамияти субот дар марзи Тоҷикистон барои ИМА ва Русия


Cубот дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон барои Амрико ва Русия муҳим аст.

Вилям Браунфилд, ёвари котиби давлатии Амрико гуфт, пас аз анҷоми сафараш аз Тоҷикистон, ба Русия хоҳад рафт ва онҷо бо мақомоти дахлдори Русия ин нуқтаро зикр хоҳад намуд.

Ӯ гуфт, ки марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷумлаи он марзҳоест, ки дар ҳолати мустаҳкам шудани он, имкони ҷони садҳо тан аз тоҷику русу аврупоиву амрикоиро аз хатари ҷиддии маводи мухаддир наҷот доданро дорад. Ин мақоми амрикоӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ноҳияи марзии Шӯрообод биноеро расман ба истифода дод, ки бо маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ барои 150 марзбони тоҷик сохта шудааст.

Оқои Браунфилд афзуд, давлати Амрико тайи чанд соли ахир беш аз 60 миллион доллар барои мустаҳкам намудани хати сарҳади миёни Тоҷикистон ва Афғонистон сарф кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин кӯмакҳои Амрико барои ҷилавгирӣ аз марзшиканӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва тақвияти нерӯҳои марзбонист, ки тавонанд, мустақилона марзи худро аз чунин хатарот ҳифз кунанд.

Вильям Браунфилд гуфт, давлат ва мардуми Амрико аҳамияти субот дар марзи Тоҷикистонро дарк мекунанд.

Cафири Амрико дар Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол Кенет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ки ӯ ба ҷасорату мардонагии марзбонони Тоҷикистон иқрор аст, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёд аз марзи худ ҳифз мекунанд ва дар пайи ҳифзи сарҳад даҳҳо тани онҳо ҳалок мешаванд.

Ӯ гуфт давлати Амрико омодааст даҳҳо тарҳро барои беҳтар кардани вазъи марзу марзбонон дар манотиқи марзии Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.

Сафаралӣ Назиров, муовини фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии оид ба ақибгоҳи вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеан ба чунин кӯмакҳо ниёз доранд. Ӯ гуфт, бунёди ҳафт дидбонгоҳи ҷадид дар ноҳияи Шӯрообод барои марзбонон, имкон медиҳад онҳо марзро дурустару хубтар назорат ва нигаҳдорӣ кунанд.

Бозкушоии як бинои ҷадид ва ҳафт дидбонгоҳ барои марзбонон дар ноҳияи Шӯрообод дар ҳолест, ки ҳамарӯза аз ин мавзеъ хабари марзшиканӣ ва задухӯрди қочоқчиён бо марзбонон ва инчунин ба яғмо бурдани молу амволи мардум аз ҷониби марзшиканон ба гӯш мерасад.
XS
SM
MD
LG